Раздел: Хабарҳо
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон – айёми файзу баракат, хайру саховат, сабру таҳаммул, бахшиши гуноҳҳо ва ҳидояти мардум ба амалҳои неку шоиста самимона табрик мегӯям.
ИдомаИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ-мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
ДУШАНБЕ, 13.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз 1 март то 31 майи соли равон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» -ро амалӣ намояд. Ҳамчунин дар «Боғи Куруши Кабир»-и пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
ИдомаПешгирии ҷавонону наврасон аз амалҳои номатлуб
Мулоқот бо коллективҳои меҳнатӣ дар мақомоти прокуратураи ш. Душанбе
Соли 2025 дар Тоҷикистон 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар мамлакат 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биною синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Дар ин хусус 23 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2025 баён гардид.
ИдомаМаҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард.
ИдомаҶаласаи ҷамъбастӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 январи соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” таҳти раёсати Раиси Кумита Саидзода Носир Озод баргузор гардид.
ИдомаБа Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид

ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли шашум аст, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба тасвиб мерасад. Тибқи ин Амр, Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шуд.
ИдомаСоли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҷумҳурӣ ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Идома







