Перейти к содержимому
 

2 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №23-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Идома

Ҳамватанони гиромӣ!

Фардо моҳи мубораки Рамазон, ки ҳар рӯзи он барои мардуми мусулмон мактаби парҳезгорӣ, худшиносиву инсондӯстӣ ва ҳимматбаландиву хайру сахо мебошад, фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба хонадонатон саломатӣ, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон мехоҳам.

Идома

22 феврал дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 2024 бо зиёда аз 90 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуд. Дар ин хусус 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ин донишгоҳ Эраҷ Абдусамадзода иттилоъ дод.

Идома

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он 45 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад.

Идома