Раздел: Хабарҳо
Иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ.

2 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №23-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Идома«Масири тарбия»
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон.

Ҳамватанони гиромӣ!
Фардо моҳи мубораки Рамазон, ки ҳар рӯзи он барои мардуми мусулмон мактаби парҳезгорӣ, худшиносиву инсондӯстӣ ва ҳимматбаландиву хайру сахо мебошад, фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба хонадонатон саломатӣ, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон мехоҳам.
ИдомаИштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

22 феврал дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок намуданд.
ИдомаНишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур.
Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Нишасти матбуотии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов.
Нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо зиёда аз 90 муассисаи таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 2024 бо зиёда аз 90 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуд. Дар ин хусус 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ин донишгоҳ Эраҷ Абдусамадзода иттилоъ дод.
Идома







