Раздел: Хабарҳо
Ифтитоҳи Корхонаи заргарии ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Душанбе.

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи заргарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд.
ИдомаИфтитоҳи Шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
ИдомаБа истифода додани Корхонаи дӯзандагии ҶДММ Гардӣ дар шаҳри Душанбе.

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт Корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Гардиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
ИдомаИфтитоҳи бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
ИдомаРаиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба масъулин чиҳати бунёди Мактаби барномасозӣ дар пойтахт дастур доданд.

ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар расми ифтитоҳи бинои IT — Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи «ICT WEEK-2025» баргузор мегардад, барои ҳарчи зудтар таҳия намудани лоиҳаи Мактаби барномасозӣ дар пойтахт ва бунёди он дар муддати кӯтоҳтарин ба масъулини мақомоти шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
ИдомаКушодашавии расмии бинои IT — Парки шаҳри Душанбе.

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кушодашавии расмии бинои IT - Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи «ICT WEEK-2025» баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд, 07.04.2025
ИдомаПодшоҳии Баҳрайн аз имзои санадҳои таърихӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол намуд.

ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн аз натиҷаҳои мулоқоти сегонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар доираи он санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд, истиқбол намуда, изҳороти расмӣ интишор дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн хабар доданд.
ИдомаАнҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон.
4 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ ва иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” ва Форуми “Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” аз шаҳри Самарқанд ба Ватан баргаштанд.
ИдомаИштирок дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ”.

4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Идома







