29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 22 асар аз эҷодиёти рассомони машҳури Тоҷикистон дар намоише, ки дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» ба ифтихори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Тасвири пиряхҳо ва обҳо дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Сардори шуъбаи экскурсионӣ-оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллӣ 22 асар аз эҷодиёти рассомони машҳури Тоҷикистон, ба мисли Х. Хушвахтов, Ю. Ҳабибулоев, В.Боборикин, З. Довудов, И.Волинский, Б.Раҳимов, Ю.Сангов, А. Ҳайдаров, Ю. Талдигин, Р. Богдасаров, Я. Мамадкулов, ва Б. Одинаев ба намоиш гузошта шудааст.