Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 17.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 19 то 22 апрел дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон (Носири Хурсрав, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Румӣ, Вахш, Данғара, Восеъ, шаҳрҳои  Бохтару Кӯлоб), шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (Ёвон, Норак, Турсунзода, Ҳисор, шаҳрҳои Ваҳдат, Душанбе) чангу ғубор ба амал меояд.

Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии вилояти Суғд (Истаравшан, Спитамен, Мастчоҳ,  Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент)  бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ҷанубӣ ва ҷанубу шимолӣ ба мамлакат ворид гардидааст), баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.

Агентӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои нақлиётӣ ва бурдани корҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд.

Ба иттилои агентӣ, аз 19 то 22 апрел дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят 19 апрел борони кӯтоҳмуддат борида, 20-22 апрел ҳавои бебориш дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. 19 апрел чангу ғубор боқӣ мемонад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.

Дар ин рӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. 19-21 апрел дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.

Дар МТМУ №16 ш. Душанбе омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд. Тибқи маълумот 8 нафар хонандаи таълимгоҳ дар олимпиада аз фанни забони русӣ ва зиёда аз 15 нафари дигар аз фанни забони англисӣ дар озмуну олимпиадаҳои мухталиф ширкат варзида ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд. Дар Муассиса 3458 хонанда ба таълиму тадрис фаро гирифта шудааст.

Таълиму тарбияи то мактабӣ заминаи муҳимтарини ташаккули шахсият ва таҳкурсии устувори омӯзиш буда, ҳамчун баёнгари самти дастовардҳои кӯдакон дар фаъолияти ояндаи онҳо мебошад. Дар марҳилаи ҳозира омода намудани кӯдакон ба мактаб масъалаи муҳим ба шумор меравад ва дурнамоии рушди мактаб аз бисёр ҷиҳат ба ҳамин масъала вобаста аст. Машғулияти мазкуреро, ки мураббиёни Кӯдакистони рақами 12- уми ш. Душанбе  доир намуданд, дар он кӯдакон фаъолнокии хешро дар қироати шеър, сурудхонӣ ва ташкили бозиҳои гуногуни варзишӣ нишон доданд. Мақсади асосии барнома ин мусоидат кардан ба рушди ҳаматарафаи кӯдакони синни томактабӣ, омӯхтани муносибатҳо ва роҳҳои нави корбарӣ бо мураббиён, падару модарон ва кӯдакон, маълумотнокии мураббиён оид ба тайёр кардани кӯдакон ва ҷалби пурраи аҳли ҷомеа ба мактаб мебошад.

ДУШАНБЕ, 12.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории даври дуюми Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Фесивал бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 тасдиқ гардидааст,  ба роҳ монда мешавад.

Тибқи қарори мазкур, Раиси шаҳри Душанбе  масъулинро  вазифадор намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор кардани Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» тадбирҳои дахлдор андешанд.

Рӯзи 4-уми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар МТМУ №122 ш. Душанбе бо иштироки аҳли адаб, китобдорону омӯзгорон ва хонандагон дар сатҳи хуб ҷараён гирифт. Маҳфили адабӣ-фарҳангиро шоираи ширинкалом Шаҳрияи Аҳтамзод ифтитоҳ бахшида, доир ба нақши китоб дар таълиму тарбияи насли наврас сухан гуфт. Дар идомаи Фестивал хонандагон дар васфи китоб суханони пандомез ва ибратомӯзро аз эҷодиёти адибон ва мутафаккирони бузург пешниҳоди аҳли нишаст гардониданд.

Дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва маъмурияти Муассиса маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Озмун тибқи Низомномаи тасдиқгардида аз рўйи 4 номинатсия гузаронида шуд. Баъди хулосабарории ҳайати ҳакамон ғолибони даври шаҳрӣ муайян гардиданд.

Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардонида шуданд.

ДУШАНБЕ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола», ки маросими ҷоизасупории он 28 марти соли 2023 дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе барпо гардид, дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» — Боғи ба номи Аҳмади Дониш ва дар номинатсияи «Композитсияи беҳтарин» — мавзеи назди Муҷассамаи Исмоили Сомонии пойтахт ҷойҳои якумро сазовор гаштанд, иттилоъ дод муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Номбурда изҳор дошт, ки «тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ озмуни шаҳрии гулҳо- «Сайри гули лола» бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд. Барои муайян намудани ғолибони он ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфта, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрӣ аз рӯи панҷ номинатсия 112 550 сомонӣ ҷудо намуд. Ғолибони ҳамаи номинатсияҳои озмун барои ишғоли ҷойҳо бо Дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва маблағи пулӣ мутаносибан ба андозаи 10000, 7000 ва 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд».

««Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2023 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад», — тазаккур дод номбурда.

Ҳамсуҳбати мо ёдовар шуд, ки мисли солҳои пешин ободкорони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар ин озмун пешсафӣ нишон дода, дар чанд номинатсия ба гирифтани ҷойҳои аввал сазовор гаштанд.

«Имсол Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, ба 15 апрел рост омадааст. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рўзи пойтахт дар ноҳияи мо корҳои ободонию сабзазоркунӣ вусъат гирифта, дар кўчаю хиёбонҳо ва ҳудуди боғҳои фарҳангию фароғатӣ шинонидани гулҳои мавсимӣ идома дорад»,-илова кард Наргис Шарифзода.

Дар Филиали муассисаи давлатии маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи пойтахт озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе аз соли 2017 инҷониб роҳандозӣ мегардад. Тибқи низомнома ба довталабон аз рӯи 8 фанни таълимӣ саволномаҳо пешниҳод карда мешавад. Бояд гуфт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.

Рӯзи 3-юми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-уми шаҳри Душанбе бо садои фораму дилнишини карнаю сурнай оғоз ёфт. Ҷашнвораи китобро хонандагону омӯзгорони таълимгоҳи мазкур, аҳли адаб ва намояндагони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар,   инчунин дигар китобдорон бо хондани шеъру порчаҳои назмӣ дар васфи китобу муаллим ва дониш, хушу хотирмон истиқбол гирифтанд. Нахуст аҳли адаб аз намоиши дастовардҳо, китобҳои тозанашр  ва ҳунарҳои  хонандагони муассисаи мазкур  дидан намуданд. 

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар МТМУ №50-и шаҳри Душанбе бо иштироки шоирону нависандагон, омӯзгорон, китобдорону хонандагон баргузор гардид. Дар саҳни Муассиса китобҳои тозанашри адибон ба намоиш гузошта шуда буд. Хонандагон дар бораи китоб  суханҳои пурмазмунро пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар идомаи тадбири мазкур шоираи ширинкалом Шаҳрияи Аҳтамзод суханронӣ карда, қайд намуданд, ки воқеан дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Зеро миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст.