Дар таърихи варзиши кишвар бори аввал бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 17-уми август то 6-уми сентябр мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди футболи хурд байни наврасони 12 - 13 сола барои дарёфти Ҷоми шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 60 даста иштирок намуданд ва ин дастаҳо танҳо дар майдончаҳои кӯча ва маҳаллаҳои хеш тамрин мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки аз номи Раиси шаҳри Душанбе дастаҳое, ки зинаҳои ифтихориро ишғол намуданд, ҳамчун ҳавасмандӣ аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Раздел: Хабарҳо
Ифтитоҳи Мактаби велосипедронӣ дар шаҳри Хоруғ.
Дар доираи таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ нахустин Мактаби велосипедронӣ ташкил гардид. Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи велосипедронӣ ба мактаби номбурда, лавозимоти муосири таълимӣ 25 номгӯйи таҷҳизот ва лавозимот аз ҷумла, 20 дучарха, 5 велосипеди шоҳроҳ, 20 адад либоси тобистонаи варзишӣ, 20 адад либоси зимистонаи варзишӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимотро барои омода намудани ин намуди варзиш шароити сатҳи баландро фароҳам оварданд.
Идомаи таҳсили нави хониш дар МТМУ №70 ш. Душанбе
Бо оғози соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар хонандагон ба дарсҳо фаро гирифта шуданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ барои қабули хонандагон ба синфи якум шароити мусоид муҳайё карда, дар соли ҷорӣ 94 нафарро ба ин зина қабул кардаанд. Синфҳои якуми Муассиса ба 3 гуруҳ ҷудо гардида, барои онҳо синфхонаҳои таълимӣ бо ашёву лавозимотҳои хониш таъмин карда шудааст. Ёдовар мешавем,ки дар соли ҷорӣ ба синфи якум дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 272 ҳазор нафар хонанда қабул карда шуда, ба онҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд.
Намоишномаи нав бо номи «Тулӯи умед».
Дар Театри давлатӣ - драмавии русии ба номи Владимир Маяковскии шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 31-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ намоишномаи нав таҳти унвони «Тулӯи умед» пешниҳоди тамошобинон гардид. Бояд гуфт, ки намоишномаи мазкур аз рӯи асари адиб, нависандаи Халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам ва порчаҳо аз «Шоҳнома» -и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар асарҳои таърихӣ таҳия гардидааст. Намоишномаи мазкур таърихи гузаштаи халқи тоҷик дар бораи корнамоии бемисли Қаҳрамони халқи тоҷик «Спитамен» ва дастовардҳои 31-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи хуб инъикос карда, ҷолибу нишонрас манзури алоқамандону дӯстдорони театр гардонида шуд.

Фаъолияти маркази ҷавонони ш. Кӯлоб
Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бунёд гардида, мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Иншооти мазкур барои ҷалб ва дастгирии ҷавонон мусоидат намуда, дар рушди ин самт саҳмгузор аст. Тибқи иттилоъи масъулин Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб дорои шароити муосир буда, аз толори фарҳангӣ, синфхонаи дӯзандагӣ, қаннодӣ, озмоишгоҳи инноватсионӣ, утоқи волонтёрон ва дигар ҳуҷраҳои кориву ёрирасон иборат мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин Марказ дар баробари омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон маҳфилҳои адабиву фарҳангӣ ва курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Азнавсозии МТМУ №90 ш. Душанбе
Бо ташабуси Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони ватанӣ ба истиқболи соли нави хониш ва ҷашни фархундаи миллат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараён дорад. Аз ҷумла, МТМУ №90-уми н. Синои ш. Душанбе пурра таъмир гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Муассисаи мазкур аз 3 ошёна иборат буда, барои 1276 нафар хонанда дар 1 баст пешбинӣ гардидааст. Ёдовар мешавем, ки таълимгоҳи мазкур дорои 62 синфхона аз ҷумла 24 синфхона барои синфҳои ибтидоӣ 38 синфхона барои синфҳои болоӣ, утоқҳои корӣ, 7 адад кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, 3 адад синфхонаи компютерӣ, инчунин толори фарҳангӣ бо 172 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва ошхона бо 166 ҷойи нишаст, майдони варзишӣ бо 246 ҷойи нишаст, пешниҳоди хонандагон мегардад.
«Ҷоми шаҳри Душанбе»
Имрўзҳо бо ташаббуси ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни кӯдакон ва наврасони 12-13 сола мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми шаҳри Душанбе» идома дорад. Ин мусобиқа бо иштироки 60 дастаи футбол дар майдончаҳои навбунёди чор ноҳияи пойтахт ҷараён гирифта истодааст. Иқдоми мазкур бо дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он пешгирӣ аз беҳудагардию даст назадани насли наврас ба корҳои номатлуб маънидод карда мешавад. Ба иттилои масъулин баъд аз он, ки дар ҳудуди пойтахт майдончаҳои варзишии муосир бунёд шудааст, шумораи ҷиноятҳо низ аз ҳисоби наврасони беҳудагард коҳиш ёфта, дастаҳои футболи кӯдакона низ бештар шудааст, ки ҳар як тим бо мураббӣ таъмин гардидаанд. Мусобиқа дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо қадршиносии ғолибон ҷамъбаст мегардад.
Конфронси августӣ дар шаҳри Душанбе.
Дар толори таълимгоҳи рақами 65-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо иштироки сардори Сарраёсати маорифи пойтахт, муовини раиси ноҳияи мазкур, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия ва кормандони соҳаи маориф конфронси августии аҳли маорифи ноҳияи номбаршуда, баргузор гардид. Дар намоиши мазкур мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Ҷамила Мӯсоҷонзода доир ба «Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ва ҳамзамон аз баъзе норасогиҳои соҳа, ки таи соли сипаришуда, мушоҳида гардид, суханронӣ намуд. Ҳамзамон дар як вақт бо иқдоми масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шӯъбаи маорифи ноҳияи номбаршуда, як зумра собиқадорони соҳа,аз ҷумла бархе аз директорону омӯзгорон ва мудирони Муассисаҳои томактабӣ ва мураббияҳо, инчунин дигар кормандон, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳо ширкат варзида, комёбӣ ба даст овардаанд, бо нишони «Аълочии маорифи ҶТ» ва ифтихорномаю туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҷамъбасти Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт».
Бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» Маросими ҷамъбасти истироҳати тобистонаи хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии Ҷоми Пойтахт дар ш. Душанбе баргузор гардид. Ёдовар мешавем ки аз санаи 15 то 21 августи соли 2022 дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» истироҳати хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» ташкил карда шуд, ки дар он зиёда аз 200 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Сохтмони бинои иловагӣ дар назди МТМУ №48.
Бинои нави иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Сохтмони бинои мазкур аз моҳи июли соли 2021 оғоз ёфтааст. Бинои иловагии таълимгоҳ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, он барои 640 хонанда дар як баст пешбинй шудааст. Муассисаи таълимӣ аз 31 синфхона, кабинетҳои фаннии химия, биология, физика 5-адад кабинет барои фанни техналогияи меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои лингафонй ва техналогияи иттилоотй, китобхона бо толори хониш ва электронй, толори фарҳангй дорои 384 ҷойи нишаст, толори варзишӣ барои 194 нафар, ошхона дорои 216 ҷойи нишаст иборат мебошад.