ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 60 нафар падару модарони ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо нишони «Маърифатпарвар», якчанд нафар омӯзгорон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
ИдомаРаздел: Хабарҳо
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид.

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. 15 ноябр маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
ИдомаМаҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат ва роҳбарони сохторҳои Кумита ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
ИдомаСуханронӣ дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ.
Бисмиллоҳи раҳмони раҳим,
Муҳтарам Раис, Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд, Валиаҳд ва Раиси Шӯрои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ,
Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо!
ИдомаИштирок дар Саммити муштараки изтирории Арабию исломӣ.

11 ноябр дар пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз Саммити муштараки изтирории Арабию исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер.

11 ноябр дар шаҳри Риёз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд.
ИдомаМулоқот бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад.

11 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Риёз бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
Аз вазъи кунунии ҳамкории судманд бо Фонди рушди Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, зарурати идомаи он барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон таъкид гардид.
Ҷиҳати иштироки Фонди рушди Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидоэнергетикии Тоҷикистон, хусусан Неругоҳи барқи обии “Роғун”, дастгирӣ ва мусоидат ба маблағгузории сохтмони он фикру мулоҳизаҳои судман баён карда шуд.
Ҳамчунин, идомаи ҳамкории босамари Тоҷикистон ва Фонди рушди Саудӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон таъкид гардид.
Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тиҷорату сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ омодагӣ ва ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Фонди рушди Саудӣ минбаъд низ ба таври назаррас густариш меёбад.
Мулоқот бо вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ.

11 ноябр дар ҳошияи Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ дар шаҳри Риёз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.
ИдомаОғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ.
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории Арабию исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Холид меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Амири минтақаи Риёз ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ.
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.








