Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи  маърифат», ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ва «Маснавихонӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ин  маросим ба ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» бо қарори раиси вилоят барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва мураббиёни онҳо 1 миллиону 434 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2022    806 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-уми ноҳияи Ховалинг бо иштироки сарвари давлат соли 2022 дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз намудааст. Муассисаи мазкур бо тамоми таҷҳизотҳои зарурии хониш муҷаҳҳаз буда, раванди таълим ба таври назариявӣ ва амалӣ сурат мегирад. Таълимгоҳ аз 2 ошёна ва 17 синфхона  иборат буда, барои 320 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Дар ин баробар синфхонаҳои технологияи меҳнат барои духтарон ва писарон амал мекунад, ки  бо тамоми таҷҳизотҳои дарсӣ муҳайё карда шудааст ва хонандагон соатҳои дарсии худро тавассути аёниятҳо мегузаронанд. Ҳамзамон дар Муассиса як синфхонаи компютерӣ, як синфхонаи лингафонӣ , 17 кабинетхои фаннӣ, 5 тахтаи электронӣ  мавҷуд аст.

Яке аз бозиҳои қадимии тоҷикон ин чавгонбозӣ мебошад, ки навъе аз варзиши қадимаи ориёиҳост.  Бояд гуфт, ки  ин намуди варзиш  таърихи беш аз ҳазорсоларо дар бар мегирад. Айни ҳол дар чор минтақаи ҷумҳурӣ наврасону ҷавонон ба чавгонбозӣ фаро гирифта шудаанд. Гуруҳҳои писарон ва духтарон дар мактабҳои варзишии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод фаъолият доранд. Чавгонбозӣ дар таълимгоҳи №23-юми ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  роҳандозӣ шудааст. Ба ин навъи бозӣ 2 гуруҳ духтарони чавгонбоз ҷалб карда шудаанд, ки нозукиҳои ин намуди варзишро  аз мураббиёни  соҳибтаҷриба меомўзанд. Ба иттилои масъулин гуруҳи  чавгонбозони муассиса 4 маротиба дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.  

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ  «Ховар»/. Ба нашри нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 304 намуди наботот ва 253 намуди ҳайвоноти нодире, ки зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд, ворид мешаванд. Баъзе намудҳои набототу ҳайвонот вобаста ба вазъи кунуниашон аз Китоби сурхи Тоҷикистон хориҷ мегарданд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба таҳия ва нашри нави сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ итттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш беш аз 40 нафар олимон, мутахассисон ва коршиносон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва аз Русияю Қазоқистон иштирок намуданд.

Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов доир ба Китоби сурх ва моҳияти он барои ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодиру камёфти набототу ҳайвонот ва дар маҷмуъ захираҳои табиии мамлакат сухан гуфт.

Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Абдулқодир Мавлодод изҳор дошт, ки “Китоби сурх ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба таъмини ҳифзу нигоҳдорӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба ҳифзу афзоиш ва истифодаи оқилонаи набототу ҳайвонот ва гуногунии биологӣ нигаронида шудааст. Дар Китоби Сурхи Тоҷикистон ҷамъбасти тамоми маълумоти мавҷуда доир ба ҳаёт, паҳншавӣ, вазъи гурӯҳ, тағйири миқдори ҳайвонот ва набототи нодиру камшумор, муайян намудани вазифаҳои амиқи минбаъдаи тадқиқу дарёфти роҳҳои асосии муҳофизат ва таҷдиди онҳо ҷамъ оварда мешавад”.

Дар ҳамоиш гурӯҳҳои корӣ доир ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва экспедитсионии дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида, ки ба омӯзиш ва муайянкунии ҳолати кунунии набототу ҳайвонот нигаронида шудаанд,  маълумот пешкаш намуданд.

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Фалак ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Ҳамоиш бо иштироки роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, шоирону адибон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагону донишҷӯёни донишгоҳ, коллеҷу муассисаҳои таълимии шаҳр доир шуд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки  фалак жанри озод буда, дар шаҳри Кӯлоб ҳамеша дар такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Чуноне ки медонем, Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии фалак пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси Пешвои миллат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Маҳз чунин ташаббусҳои созанда сабаб гардиданд, ки фалак аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги умумибашарӣ эътироф гардад.

Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра ҳунармандони шаҳри Кӯлоб барои хизматҳои назаррас, ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи фарҳанг Сипосномаи Раиси шаҳри Кӯлоб тақдим шуд.

Дар идомаи ҳамоиш барномаи фалаксароёни шаҳри бостонии Кӯлоб пешниҳоди иштирокчиён гардид.

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки устодони фалаксаро ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Идома

Санъати мусиқӣ – падидаи нодир ва арзишманди ҳаёти иҷтимоӣ мебошад, ки  дар рушди маънавии ҷомеа нақши  муҳим дошта, ҷузъи қавии  фарҳанг, омили бузурги хештаншиносӣ ва этногенези ҳар миллат  маҳсуб меёбад.

Идома

Мураккаб гаштани вазъияти сиёсӣ дар Ховари Миёна, ки сабабгори талафоту осеб дидани сокинони осоишта ва вайрону валангор гаштани иншооти зиёди таъиноти гуногун гардид, боиси нигаронии амиқи ҷониби Тоҷикистон шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти баамаломадаро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои фавран хотима додани нооромӣ ва оғози муколама баҳри барқарории сулҳу осоиштагӣ даъват менамояд.

Рӯзи 7-уми октябри соли равон дар Афғонистон заминларза ба амал омад.

Тибқии иттилои расида ҷунбиши қишри замин, ки қувваи он аз руи ҷадвали Рихтер 6,3 балро ташкил медод, дар 40 километрии қисми шимолу ғарби шаҳри Ҳирот рух дод.

Дар натиҷаи офати табии беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гашта, зиёда аз ду ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Бар асари  заминларза нафарони зиёд бенишон гашта, шумораи осебдидагон муайян карда нашудааст.

Вобаста ба амал омадани офати табиӣ ва ҳалокату осеб дидани шумораи зиёди сокинони Афғонистон мардуми Тоҷикистон сахт андӯҳгин буда, дар қалбҳои худ ҳамдардии амиқ эҳсос мекунанд.

Дар ин лаҳзаҳои фоҷеабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз намуда, ба осебдидагон шифои комил таманно менамояд.

ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ҳайати меҳмонону иштирокчиён маросими хотимавии Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иброз доштанд, ки Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе», ки аз соли 2010 инҷониб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ба анъанаи пойдори фарҳангӣ ва иртиботи дӯстонаи ноширони Тоҷикистон бо ҳамкасбони давлатҳои дӯст табдил ёфтааст.

Даври ёздаҳуми намоишгоҳ имсол дар яке аз марказҳои миллии фарҳангии мамлакат– Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, ки баёнгари ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи амиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фарҳанги миллӣ мебошад. Ин таваҷҷуҳи амиқи Сарвари давлати Тоҷикистон аз он бармеояд, ки фарҳангро «ҳастии миллат» унвон намудаанд.

Мояи хушнудӣ аст, ки имсол ноширони Федератсияи Русия дар доираи Соли забони русӣ дар қаламрави давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳайси «меҳмони ифтихорӣ» дар даври ёздаҳуми Намоишгоҳи байналмилалии китоби «Китоби Душанбе» ҳузури фаъол доштанд.

Ноширони Узбекистон, Туркманистон, Беларус, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳиндустон, ки бо беҳтарин намунаи китобҳои муассисаҳои табъу нашри худ дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» иштирок намуданд, бо ин дар таҳкими равобити фарҳангии давлатҳоямон саҳми сазовор гузоштанд.

Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Ғуломзода бо изҳори таассуроти хеш аз ин намоишгоҳ ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки «мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Душанбе арҷгузорӣ ба ин манбаи дониш, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва ба ин васила бедор намудани ҳисси баланди масъулияти ватандӯстиву хештаншиносӣ ва саҳм гузоштан дар ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ мебошад. Ин иқдом аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бори дигар дӯстию муҳаббат ва эҳсоси самимияти ноширону китобдӯстдоронро намоиш дод».

Дар анҷоми намоишгоҳ меҳмонону иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому ифтихорномаҳо ва сипосномаю туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.

Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» -ро метавон яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои китоб дар дунё унвон намуд. Зеро он тавонист дар муддати хеле кӯтоҳ фурсати олиеро дар ихтиёри алоқмандони китоб ва аҳли илму андеша аз давлатҳои мухталиф қарор диҳад, то бо интишороти ҷадид ва китобҳои гуногун шинос шуда, дигаронро низ аз асарҳои хеш огоҳ созанд.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи китоб аз 3 то 5 октяб дар шаҳри Душанбе идома ёфт.