ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» анҷом меёбад. Дар он 115 нафар довталаб аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок доранд. Калонсолтарин иштирокчии озмун - сокини 83-солаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ Маъқула Ҳакимова мебошад, ки ба пиронсолияш нигоҳ накарда, ҳар саҳифаи китобро пурра аз худ намудааст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин зани маърифатпарвару китобдӯст ҳамсуҳбат гардид, ки онро манзури хонандагон мегардонем.
ИдомаРаздел: Хабарҳо
«ТОҶИКИСТОН-ПЕШОҲАНГИ МАСОИЛИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН». Дар ин мавзуъ машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.
ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр байни кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи байналмилалии пиряхҳо машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.

«ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дониши довталабони ин озмун дар доираи 100 хол баҳогузорӣ мешавад.
ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», дар саволномаи озмун 1092 савол ҷой дода шудааст. Ба ҳар довталаби озмун саволҳо дар алоҳидагӣ, бе такрори он дар ҳаҷми 9 савол дода мешавад, ки аз ин шумора як савол ҳатман ба ҳаёту эҷодиёти академик Бобоҷон Ғафуров дахл дошта, саволи дигар ба мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон рабт дорад, яъне расми ёдгориҳо пешниҳод мешавад ва иштирокчӣ бояд дар бораи он маълумот дода тавонад. Дар ин хусус зимни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», ки он имрўз, 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад, хабар доданд.
Идома«ИНЪИКОСИ ПИРЯХҲО ДАР ОСОРИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН». Дар Кӯлоб таҳти ин унвон намоиш ифтитоҳ ёфт.
КӮЛОБ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 зери унвони «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад.

Идомаи даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат».
Давоми чор рӯз аст,ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» баргузор гардида истодааст. Бино бар иттилои масъулин аз санаи 26 то 27 ноябри соли равон озмун дар гуруҳи дуюм миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун роҳандозӣ гардида,шумораи иштирокчиён дар гуруҳи мазкур 27 нафарро ташкил медиҳад. Дар воқеъ рӯй овардан ба омӯзиши таърих ва арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор, эҳсоси худшиносию ифтихори миллиро боло мебарад ва роҳандозӣ гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат». боис мегардад, то ҳар як фард рӯ ба омӯзиши таърихи худ биёрад ва дар ин замина сатҳи дониши хешро сайқал диҳад.



Роҳандозии олимпиадаи фаннӣ.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-уми ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии олимпиадаи фаннӣ байни наврасон оғоз гардид. Тибқи иттилоъ олимпиадаи фаннӣ миёни наврасон аз рӯйи 13 фанни таълимӣ гузаронида шуда, шумораи умумии хонандагон зиёда аз 1300 нафарро ташкил медиҳад. Олимпиадаи мазкур дар миёни хонандагони синфҳои 5,6,7 ва 8 - и Муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ карда шуда, тибқи низомнома аз ҳар як фанни таълимӣ 6 нафарӣ ба даври минтақавӣ роҳхат пайдо мекунанд. Хотиррасон менамоем, ки даври аввали олимпиадаи мазкур дар Муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ роҳ ёфтаанд ва марҳилаи ноҳиявӣ ғолибонро барои даври минтақавӣ муайян месозад.



Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар озмуни минтақавии Осиёи Марказӣ соҳиби ҷойи аввал шуд.

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи кафедраи забонҳои форсӣ ва чинии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Суруш Раҷабов дар озмуни минтақавии Осиёи Марказӣ, ки ба мавзуи дониши фарҳанг ва таърихи Фаронса бахшида шуда буд, сазовори ҷойи аввал гардида, барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ роҳхат гирифт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, озмун ба тариқи онлайн гузаронида шуда, дар он шунавандагони 7 маркази Алянс Франсэз аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбeкистон иштирок намуданд.
Ин озмун аз тарафи Фонди Алянс Франсэз дар Париж ташкил шуда, 3 ғолиби сатҳи байналмилалӣ барои такмили дониш тобистони оянда ба Фаронса сафар менамоянд.
Муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ба Тоҷикистон омад.

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Туркманистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Девони вазирон Тангригули Атахаллиев барои иштирок дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Идома«ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд.

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки 115 довталаб даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Озмун аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 1 декабр дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
ИдомаПешвои миллат: «Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид».

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки ҳоло мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми рамзҳои миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ маънои ифтихор аз давлати соҳибистиқлол, арҷгузорӣ ба гузаштаи халқи бостониамон ва заҳмати содиқона ба хотири фардои ободи Ватани маҳбубамонро дорад, — чунин омадааст дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ.
Идома







