Перейти к содержимому
 

21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия ташриф оварданд.

Идома

21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Федератсияи Русия сафар карданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин Парчами давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ эҳдо шудааст ва ҳоло он ҳамчун яке аз нигораҳои таърихи нави давлатсозии миллӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад. Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябр) хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Фирдавси Абдулҳамид суҳбат намуд, ки манзури хонандагон мегардад.

Идома

ДУШАНБЕ, 20.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шоиру шеъре агар ҳаст» бо мақсади гиромидошти хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир маҳфили адабӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Идома

ДУШАНБЕ, 20.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар минбари озодиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамин аст, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар қатори аввалин давлатҳои аъзои СММ соли 1993 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонд, ки соли равон ба қабули он 30 сол пур мешавад. Ба иттилои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синн яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз беш аз 41,4 фоизи сокинони мамлакатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

Идома

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар Маркази «Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва рушди илми тоҷик» муаррифӣ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Дар китоб фаъолияти сиёсӣ, илмӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардида, он аз 10 мақола иборат аст.

Дар сарсухани муаллиф омадааст, ки «дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани арзишҳои волои фарҳангии миллӣ хизматҳои шоиста намудаанд».

ДУШАНБЕ, 20.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 1 декабр дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) оид ба футбол аввалин бозии дӯстонаи ба нақша гирифтаро бо дастаи Русия анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи наврасони Русия – 3:0 анҷом ёфт.

21 ноябр дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе бозии дуюми санҷишиашонро анҷом медиҳанд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 11:00 оғоз мегардад.

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ аз оғози соли равон 11 км роҳҳои байнидеҳавии деҳоти “Работ”-и шаҳри Турсунзода  бетонпӯш ва 3 км асфалтпӯш гардиданд. Дар амалӣ намудани корҳои ободонӣ саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷавонони фаъоли деҳот назаррас мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

 Дар ҷараёни боздид роҳбарияти шаҳр бо корҳои бетонпӯшкунӣ дар деҳаҳои Қипчоқ ва Ширкент шинос шуд.

Барои анҷоми корҳои бетонпӯшкунӣ ба сокинони деҳаи Хайробод, ки зиёда аз 1,5 км роҳи байнидеҳавиро пурра аз таъмир бароварданд, изҳори сипоси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро расонида шуда, ба фаъолону саҳмгузорони деҳа Сипосномаи раиси шаҳр тақдим гардид.

ДУШАНБЕ, 19.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Инак, озмуни панҷуми ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки монанди ҳама ташаббусҳои неки дигар дар мамлакатамон бо ибтикор ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, ҷамъбаст гардид. Мо шоҳиди онем, ки давоми панҷ сол ин озмун ҳар сол бошукуҳтару ҷолибтару мутантан аз соли пешин мегузарад ва ин далели мавриди таваҷҷуҳи баланди ҳам иштирокчиён ва ҳам ташкилкунандагон, хусусан таваҷҷуҳ ва ғамхории хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор гирифтани он мебошад. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».

Идома