Перейти к содержимому
 

КӮЛОБ, 27.11.2023  /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии шаҳри Кӯлоб бахшида ба  Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон  гардидани  соли 2025 зери  унвони «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад.

Идома

Давоми чор рӯз аст,ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври  чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» баргузор гардида истодааст. Бино бар иттилои масъулин аз санаи 26 то 27 ноябри соли равон озмун дар гуруҳи дуюм миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун роҳандозӣ гардида,шумораи иштирокчиён дар гуруҳи мазкур 27 нафарро ташкил медиҳад. Дар воқеъ рӯй овардан ба омӯзиши таърих ва арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор, эҳсоси худшиносию ифтихори миллиро боло мебарад ва роҳандозӣ гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат». боис мегардад, то ҳар як фард рӯ ба омӯзиши таърихи худ биёрад ва дар ин замина сатҳи дониши хешро сайқал диҳад.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-уми ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии олимпиадаи фаннӣ байни наврасон оғоз гардид. Тибқи иттилоъ олимпиадаи фаннӣ миёни наврасон аз рӯйи 13 фанни таълимӣ гузаронида шуда, шумораи умумии хонандагон зиёда аз 1300 нафарро ташкил медиҳад. Олимпиадаи мазкур дар миёни хонандагони синфҳои 5,6,7 ва 8 - и Муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ карда шуда, тибқи низомнома аз ҳар як фанни таълимӣ 6 нафарӣ ба даври минтақавӣ роҳхат пайдо мекунанд. Хотиррасон менамоем, ки даври аввали олимпиадаи мазкур дар Муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ роҳ ёфтаанд ва марҳилаи ноҳиявӣ ғолибонро барои даври минтақавӣ муайян месозад.

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи кафедраи забонҳои форсӣ ва чинии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Суруш Раҷабов дар озмуни минтақавии Осиёи Марказӣ, ки ба мавзуи дониши фарҳанг ва таърихи Фаронса бахшида шуда буд, сазовори ҷойи аввал гардида,  барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ роҳхат гирифт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад, озмун ба тариқи онлайн гузаронида шуда, дар он шунавандагони 7 маркази Алянс Франсэз аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбeкистон иштирок намуданд.

Ин озмун аз тарафи Фонди Алянс Франсэз дар Париж ташкил шуда, 3 ғолиби сатҳи байналмилалӣ барои такмили дониш тобистони оянда ба Фаронса сафар менамоянд.

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Туркманистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Девони вазирон  Тангригули Атахаллиев барои иштирок дар  ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Идома

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки 115 довталаб даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Озмун аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 1 декабр дар назар дошта шудааст.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки ҳоло мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми рамзҳои миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ маънои ифтихор аз давлати соҳибистиқлол, арҷгузорӣ ба гузаштаи халқи бостониамон ва заҳмати содиқона ба хотири фардои ободи Ватани маҳбубамонро дорад, — чунин омадааст дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ.

Идома

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/.  23 ноябрз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Зимни он гуфта шуд, ки парчам давоми садсолаҳо мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдорӣ мақому манзалати махсус дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Идома

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи муқаддаси соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, ифодагари орзуву ормони миллӣ ва арзишҳои олии тамаддуни халқи тоҷик мебошад, самимона табрик мегӯям.

Идома

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Боку Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду мамлакат оро ёфта, афсарони Қаровули фахрӣ саф оростанд.