Перейти к содержимому
 

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин.

18 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Зимни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Пешвои миллат бо таъкид бар аҳамияти хоссаи сиёсии натиҷаҳои музокироти Президентҳои Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Аляска барои коҳиши сатҳи ташаннуҷ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз раванди мусолиматомези ҳалли буҳрони Украина ҷонибдорӣ карданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҷории ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, ки мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор доранд, табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо дар робита ба идомаи муколама ва тамосҳо дар сатҳи олӣ ба мувофиқа расиданд.