Перейти к содержимому
 

Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҷумҳурӣ ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Зимни Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ гуфта шуд, ки барои соҳаи маориф соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ин нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад.

Тибқи таҳлилҳо, дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад.

Аз ин рӯ Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, ки барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ чораҷӯйӣ карда шавад.