ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар мамлакат 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биною синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад. Дар ин хусус 23 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2025 баён гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 795 адад расида, дар муқоиса ба соли 2024 38 муассиса зиёд мебошад.
Вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 ҳазору 154 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 182,7 ҳазор нафар кӯдакон таъсис дода шудааст.








