ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4 сентябр бахшида ба Рӯзи китоб дар назди бинои нашриёти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.
ИдомаҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Пешниҳоди таҳияи лоиҳаи он аз ҷониби Пешвои миллат омӯзгоронро руҳбаланд сохт.

ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба масъулин дастур доданд, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ин пешниҳоди Президенти мамлакат дар байни ҷомеа ҳамовозӣ пайдо намуда, дар ин хусус ба унвони АМИТ «Ховар» маводҳои зиёд ворид мегарданд. Мақолаи Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода яке аз онҳост, ки манзури хонандагон мегардад.
ИдомаИштирок дар маросими маҷозии ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумкулӣ Фироқӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
ИдомаИфтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва иштирок дар рӯзи Дониш.

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар рӯзи Дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок намуданд.
ИдомаКитобҳои «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» ва «Муаррифгари миллати тоҷик» ба табъ расиданд.
ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ду китоби номзади илмҳои филологӣ, сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода бо номҳои «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф» ва «Муаррифгари миллати тоҷик» ба табъ расиданд.

«Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор мешаванд, ки «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар муддати шаш моҳ дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Чунин супориш доданд имрӯз зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти умумии №19-и шаҳри Душанбе.
ИдомаБа 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид.

СУҒД, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи соли нави хониш ба хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ва ятимони ноҳияи Айнӣ либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш туҳфа намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
ИдомаИфтитоҳи бинои Беморхонаи марказии шаҳри Норак пас аз таъмиру навсозӣ.
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
ИдомаИфтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак.

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди варзишгоҳ соли 2020 оғоз гардида, барои иҷрои корҳои сохтмону таҷҳизонидани он беш аз 37 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
ИдомаИфтитоҳи ҶДММ “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” дар шаҳри Норак.

30 август дар шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” оғози расмӣ бахшиданд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 10 тонна равған буда, маҳсулот дар зарфҳои аз 1 то 5-литра зери тамғаи “Равғани олии Норак”, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.
Идома








