Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, чанде пеш бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бинои Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншоот дар масоҳати 144 метри мураббаъ бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 7 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Осорхона аз ду ошёна иборат буда, шуъбаҳои асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, шаҳри Мунки бостонӣ ва дигар давраҳои таърихиро дар бар мегирад.

Дар ошёнаи якуми бино гӯшаи асарҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Президенти мо», бозёфтҳои ҷамъовардаи кормандони осорхона ва гурӯҳи кории бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардида, осори таърихию фарҳангӣ аз ҳаёти гузаштаи тамоми ҳудуди ноҳияи Ховалинг дар қабати дуюми иншоот ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳар як гӯшаи осорхона вобаста ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дорои бозёфт ва ёдгориҳое мебошад, ки ҳар бинандаро бо гузаштаи пурифтихори ниёгони тоҷик ошно месозанд.

Дар Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии ноҳияи Ховалинг зиёда аз 4 ҳазор нигораи бозгӯкунандаи тамоми давраҳои таърихӣ, аз ҷумла 2 ҳазор осори заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ, шишапораҳо, сафолоти гуногуни рӯзғордорӣ, зарфҳо, бозёфтҳои асбобҳои сангӣ ва дигар ёдгориҳо аз шаҳри Мунки бостонӣ ҷамъоварӣ гардидааст.

Имрӯзҳо беш аз 10 нафар унвонҷӯи дохилию хориҷӣ дар ин осорхона ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд. Бинои осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллию таърихӣ бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, тасвирҳои таърихии он аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик дарак медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода нашриёти «Адиб» китоби рӯзноманигор, муҳаррир ва тарҷумон Раҷабалӣ Қудратзодаро бо номи «Фарзанди Осиё» мунташир намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Китоб, ки аз силсилаи мақолаҳои пурмазмуни муаллиф иборат аст, мероси адабии шоири маҳбубу зиндаёдро барҳақ чун сарвати гаронбаҳои миллати тамаддунсози тоҷик ва ҷузъи эътирофшудаи фарҳанги ҷаҳонӣ арзёбӣ намудааст. Ин комилан дуруст аст, асарҳои устоди каломи бадеъ Мирзо Турсунзода ба 60 забони халқҳои ҷаҳон тарҷума шуда, борҳо бознашр гардидаанд.

Боби аввали китоб чунин зерсарлавҳа дорад: «Устод Мирзо Турсунзода аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат». Воқеан, бузургонро бузургон зинда медоранд. Роҳбари давлати тоҷикон аз нақши барҷастаи абармардон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар таърихи асри ХХ – уми халқи куҳанбунёдамон мудом ёдовар мешаванд, ки ин барои насли ҷавон оинаи ибрат буда, дарси хештаншиносист.

Боби мазкур бо чунин суханони ифтихорӣ ва самимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: — «Зиҳӣ Мирзо Турсунзода ва шеъри ҷаҳонгири ӯ», ки муҳтавои китобро ифода менамояд, ҷамъбаст мегардад.

Яке аз бобҳои дигар таҳти унвони «Се ахтари тобон» ба дӯстии устод Мирзо Турсунзода бо ду адиби забардасти дигар – Расул Ғамзатов ва Чингиз Айтматов бахшида шудааст.

Дар муқоваи китоб акси устод ҷой гирифта, дар қисми болои акси шоири ширинкалом кабӯтари сафед, кабӯтари сулҳ парафшонӣ дорад, ки худ як рамзи зебо ва таъкид бар он аст, ки Мирзо Турсунзода қосиди хастанопазири сулҳу ваҳдату дӯстӣ ва ҳамзисти халқҳои тамоми сайёраи мо буд.

ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли тобистон бо баланд шудани ҳарорати ҳаво хатари афзоиши ҳаргуна бемориҳои сироятӣ ба вуҷуд меояд. Имрӯзҳо бештар дар байни кӯдакону наврасон гирифторшавӣ ба бемории дарунравӣ мушоҳида мегардад. Барои пешгирии худу фарзандон аз ин беморӣ чӣ бояд кард? Мухбири АМИТ «Ховар» бо ин савол ба мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Таманно Файзуллоева муроҷиат намуд.

Ба гуфтаи табиб, ҳарорати баланди фасли тобистон боиси афзудани бемориҳои дарунравӣ байни кӯдакон ва наврасон гардида метавонад. Зеро дар натиҷаи гармии баланд кӯдакон обу нӯшокиҳои на ҳама вақт ҷӯшонидашуда, инчунин баъзан меваю сабзавоти гуногунро ношуста истеъмол мекунанд.

«Гармо метавонад ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар расонад. Зеро ҷисми кӯдакон бисёртар аз об иборат аст ва дар рӯзҳои гарм мубодила ва мувозинати оби организми онҳо метавонад вайрон шавад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки кӯдакони худро эҳтиёт кунанд ва рӯзона нагузоранд, то онҳо зиёд дар зери шуъои сўзони офтоб гашту гузор намоянд. Онҳоро мебояд дар ҷойҳои салқин, аз ҷумла, сояи зери дарахтон, назди кӯл ва ё ҳавзҳои хонаҳои худ нигоҳ доранд, ки таъсири гармо ба узвҳои дарунӣ зиёд набошад. Бахусус, ба кӯдакон тез – тез нӯшонидани об тавсия дода мешавад», -изҳор дошт табиб.

Бояд гуфт, ки гармии аз ҳад зиёди ҳаво ба саломатии одамон, бахусус калонсолону кӯдакон таъсири зиёд дорад. Аз ин сабаб табибон ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинони мамлакат тавсия медиҳанд, ки дуру дароз зери шуъои сӯзони офтоб наистанд. Зеро онҳо метавонад ба бемории гармозадагӣ гирифтор шаванд. Бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ табъи бадани инсон баланд мешавад. Инчунин дар ҳавои гарм, зери офтоб зиёд истодан, ба сӯхтани пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо дар он, инчунин дарди сару дилбеҳузурӣ оварда мерасонад.

Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, «фасли гармо ин муҳити созгор барои микроорганизмҳоеcт, ки ба гармӣ тобоваранд ва онҳо зуд афзоиш меёбанд. Ин фаслро мо, табибон фасли бемориҳои дарунравии шадиди меъдаю рӯда меномем. Чунки дар ин фасл ин бемориҳо зиёдтар авҷ мегиранд ва гирифторони он меафзоянд. Ин беморӣ бештар дар байни кӯдакони синну соли аз 1 то 5 сола ба қайд гирифта мешаванд. Сабабҳои ба чунин ҳолат расидан — ин риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ мебошад».

Табибон ба ин назаранд, ки дар рӯзҳои гарми офтобӣ одамон бояд аз обҳои тозае истифода кунанд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои беҳдоштӣ бошанд.

Нӯшидани оби зиёд барои пешгирии беобшавии ҷисм мусоидат мекунад. Ҳамзамон тавсия дода мешавад, ки дар рӯзҳои гарми тобистон аз истеъмоли хӯрокҳои зуд вайроншаванда худдорӣ бояд кард. Бештар меваҳои тару тоза ва шарбатҳои мевагиро истифода кардан бамаврид хоҳад буд.

Ба гуфти мутахассиси соҳа, сабаби гирифтор шудан ба бемориҳои дарунравӣ — ин бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафилакокҳо, стрептококҳо, диплакокҳои дар атрофи он буда ба организми инсон ворид шуда, зарар мерасонанд ва шахсро ба бемориҳои шадиди меъдаю рӯда мубтало мекунанд.

Аломатҳои беморӣ, пеш аз ҳама ин дамиши шикам, дарди он, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии тез-тез мебошад. Инчунин фишори хун паст шуда, набз тез- тез мезанад, даҳон, лабон ва пӯсти бемор хушк мешавад.

«Агар ин аломатҳо дар ҳар инсон мушоҳида шаванд, дарҳол бояд доруи регидрон истифода намуд, то оби баданро барқарор намояд»,- таъкид намуд духтур.

Ба гуфти коршинос, «бояд ҳар оила доруи регидрон дошта бошад, зеро ин дору аз ҷониби табиби оилавӣ ройгон тақсим мегардад. Тарзи истеъмоли он чунин аст: дар як литр оби ҷӯшонида, як қуттии ин доруро илова карда, даҳ дақиқа нигоҳ дошта, сипас нӯшед. Ба кӯдакони ду-сесола дар ҳар даҳ-понздаҳ дақиқа аз он як қошуқи ошхӯрӣ додан зарур аст. Калонсолон бояд дар як шабонарӯз ду литр оби ин доруро нӯшанд».

Агар дар хона ин дору дастрас набошад, пас чӣ бояд кард?

Таманно Файзуллоева дар ин хусус чунин посух дод: «Дар ҳолати набудани доруи регидрон мо дар хона бояд онро худамон омода намоем. Яъне, дар як литр оби ҷӯшонида чор қошуқ шакар, як қошуқ намак ва як қошук сода илова намуда, баъди даҳ дақиқа нӯшидан мумкин аст».

Ба тавсияи табибон, агар аломатҳои ин беморӣ аз ду рӯз зиёд идома ёбанд, ҳатман ба табибон бояд муроҷиат намуд.

«Як омили пешгирии ин беморӣ- тозагии худ ва атрофи ҷои истиқомат мебошад. Дастонро пайваста бо собун шустан зарур аст. Аз оби ҷӯшонида истифода баред, ҳоҷатхонаҳо ва партовҳоро аз назди ҷӯйбор дур кунед, бо пашшаҳо мубориза баред, меваю сабзавотро шуста, баъд истифода баред, обҳои дар зарф бударо бо сарпӯш маҳкам нигоҳ кунед. Ҳар шахс мувофиқи талаботи Маркази санитарию эпидемиологӣ бояд дар 6 моҳ як бор аз муоинаи тиббӣ гузарад»,- маслиҳат медиҳад мутахассис.

Набояд фаромуш сохт, ки дар пеш моро рӯзҳои гармтарини фасли тобистон интизор аст, дар ҳолати беэҳтиётӣ кардан метавон ба ҳар гуна бемориҳо дучор шуд. Пас, эҳтиёт нисфи ҳаёт!