Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллӣ баргузор мегардад. Дар фестивал  навъҳои гуногуни либосҳои миллӣ, ки аз матои атласу адрас ва  чакан омода гардидаанд,  муаррифӣ мешавад. Дар ин хусус 22 июл зимни нишасти матбуотии  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ дода шуд.

Идома

ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва вазири корҳои дохилӣ суҳбати телефонӣ анҷом дода, доир ба як қатор масоили муҳимтарини рӯз ҳисоботи онҳоро шуниданд ва барои сари вақту босифат анҷом додани тадбирҳои зарурӣ ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 24.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Идома