Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористию экстремистӣ ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳамоиш бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода  баргузор гардида, дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, директорони коллеҷу литсейҳои шаҳри Душанбе, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода оид ба иҷрои дастури Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо мақсади таҳкими пояҳои сулҳу осоиштагӣ, дӯстиву рафоқат, муҳаббату садоқат ба давлату миллат, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ба масъулон супориш дод.

Мавсуф оид ба ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли наврасу ҷавон, инчунин вобаста ба одобу маданияти шаҳрнишинӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ибрози андеша намуд.

Тазаккур дода шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар паёмҳояшон таъкид намудаанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо он аст, ки Истиқлолияти давлатамонро пойдор нигоҳ дошта, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем. Яъне насли имрӯз бояд бомаърифат, бофарҳанг, эҷодкор, номбардори миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардад.

Ҳамзамон ҳозиринро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон даъват намуданд.