ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе 1 миллиону 241 ҳазор нафар истиқомат менамоянд. Вобаста ба ин дар пойтахт барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Яке аз ин тадбирҳо зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ буда, бо ин мақсад бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт аз ҳисоби бахши хусусӣ бунёду сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.
ИдомаҒолибону ҷоизадорони 15-умин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе муайян гардиданд.

ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии варзишарони Ҷумҳурии Узбекистон -Шоҳрух Давлатов ва Екатерина Тингускова анҷом ёфт.
ИдомаДУШАНБЕ-ШАҲРИ САЙЁҲӢ. Соли 2024 ба пойтахти Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор сайёҳ ворид гардид.
ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе на танҳо маркази маъмурию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғатӣ табдил ёфтааст. Ҳамин аст, ки соли 2024 тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии ҳудуди шаҳри Душанбе- Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Тоҷикистон 247 ҳазору 440 нафар ҳамчун сайёҳ ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 18 ҳазору 283 нафар ё 13,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед хабар дод.
ИдомаДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад.

ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили таҷрибаи муосири рушди шаҳрҳо нишон медиҳад, ки ҳоло шаҳрҳои шарик, бародар — дар заминаи муносибатҳои байниҳамдигарии дуҷониба шаҳрҳои маъмурии дорои аҳамияти байналмилалӣ (Женева, Вена, Брюсел ва Ню-Йорк), шаҳрҳои ҳушманд – бо назардошти рушди бесобиқаи технологӣ, шаҳрҳои муколамавӣ ва равандсоз- аз рӯи аҳамияташон барои таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, рӯзномаи рушди устувор ва таъмини амнияти байналмилалӣ мавҷуд мебошанд. Дар қаринаи гуфташуда ҳоло пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол- шаҳри Душанбе низ дорои мақоми байналмилалӣ буда, ҳамчун «шаҳри равандсоз»— дар ҳалли мушкилоти мубрами аҳли башар ҷойгоҳи сазовореро соҳиб гардидааст.
ИдомаПиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд.

ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пиряхҳо ба таври умумӣ 75 фоизи захираҳои асосии оби тозаро дар сайёра ташкил дода, даҳсолаҳои охир аз таъсири тағйирёбии иқлим босуръат об шуда, коҳиш меёбанд. Бо назардошти тағйирёбии иқлими сайёра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми се даҳсолаи охир силсилаташаббусҳои глобалиро дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо пешниҳод намуд, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ва бо иттифоқи оро пазируфта шуданд.
ИдомаҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид.

ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин давраҳои рушди пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ба замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд. Дар даҳсолаи охир дар натиҷаи бунёд ёфтани садҳо иншооти маъмурӣ, илмию фарҳангӣ, биноҳои баландошёнаи маишию хизматрасонӣ, боғҳову гулгаштҳо ва марказҳои фароғатӣ симои шаҳр ба куллӣ дигаргун гашт. Шаҳри Душанбе таърихи беш аз 2300 — сола дорад. Ин матлабро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.
ИдомаТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ ! Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.
ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе пиру барно барои таҷлили Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, ҷамъ омадаанд. Бо истифода аз ин фурсати муносиб наметавон аз зебоии боғҳои камназир ва гулгаштҳои дилрабои пойтахт, фаввораҳои зебою дилфиреб, гулу буттаҳои рангорангу назаррабо, дарахтони нодири ҳамешасабзу сояафкан ва ороишии он ҳарф назад. Душанберо беҳуда боғшаҳр ном намебаранд. Имрӯзҳо боғҳо ва гулгаштҳои Душанбе ба макони писандида ва сайру саёҳати сокинону сайёҳони пойтахт табдил ёфтаанд.



«Сафои саҳар»
«Таҳамтан»
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд.

ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Идома







