Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар расми ифтитоҳи бинои IT — Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи «ICT WEEK-2025» баргузор мегардад, барои ҳарчи зудтар таҳия намудани лоиҳаи Мактаби барномасозӣ дар пойтахт ва бунёди он дар муддати кӯтоҳтарин ба масъулини мақомоти шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Идома

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кушодашавии расмии бинои IT - Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи «ICT WEEK-2025» баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд, 07.04.2025

Идома

ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн аз натиҷаҳои мулоқоти сегонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар доираи он санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд,  истиқбол намуда,  изҳороти расмӣ интишор дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн хабар доданд.

Идома

4 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ ва иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” ва Форуми “Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” аз шаҳри Самарқанд ба Ватан баргаштанд.

Идома