Перейти к содержимому
 

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчам-рамзи давлатдории миллӣ» конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд.

Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Парчам-рамзи давлатдорӣ ва ватанпарварӣ», «Тасвири парчами Каёнӣ дар сиккаҳои қадима», «Парчам-рамзи истиқлоли давлатӣ» сухан рафт. Қадршиносии Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Чорабинии мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас дар бораи парчами милии Тоҷикистон ба таври соддаву фаҳмо маълумот пешниҳоди дустрӯякон гардонида шуд. Дар идомаи тадбири мазкур хурдсолон бо лафзи ширини кӯдакӣ дар бораи Ватан, Тоҷикистон ва Парчам шеърҳо қироат намуданд. Сипас рақси мавзуни кӯдакон ба маҳфил ҳусну таровати махсус зам кард. Онҳо бо шавқи зиёд мерақсиданду шодӣ мекарданд ва хушҳол аз он буданд, ки дар чунин давлати ободу зебо Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Хотиррасон менамоем, ки ин чорабиниро гуруҳи омодагӣ ба мактаб дар сатҳи хуб гузарониданд.

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида Рӯзи Парчами давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ҳамоиш доир шуд. Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофари тоҷик маҳсуб мешавад. Тазаккур дода шуд, ки зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзамин таъмин гардида, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодат фароҳам оварда мешавад.

Дар Муассисаи таълимии  №15-уми ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии ҶТ ҳамоиши адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» баргузор гардид. Тадбири мазкур бо иштироки омӯзгорону хонандагони  синфҳои болоӣ ва намояндагон аз Раёсати  маорифи ноҳия доир шуд. Барномаи рангини адабӣ-фарҳангӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Сипас Парчами миллӣ ба толор ворид карда шуд. Суруди умумии парчам аз ҷониби таълимгирандагон мутантан  иҷро гардид. Дар  интиҳои ин ҳамоиши ҷолибу зебо суруди умумии «Тоҷикистон ба пеш!» хеле дилнишину муассир садо дода, аҳли толорро ба яқдигарфаҳмию дӯстӣ, бародарию баробарӣ, рушду густаришёбии кишвар ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз, даъват  намуд.