9 сентябр дар рӯзи таҷлил аз 33 - юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду корхонаи нави саноатӣ – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ситораи тоҷ” ва “Лидер”-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.
ИдомаПаёми шодбошӣ ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон.
Ҳамватанони азиз!
Ҷашни барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон муқаддасу мубораки 33-солагии истиқлоли давлатӣ фаро расид.
Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, тамоми мардуми сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
ИдомаСуханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ашт.
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мулоқоти мову шумо дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.
Фарорасии ин ҷашни бузургу муқаддаси миллиамонро ба мардуми мамлакат, аз ҷумла ба сокинони заҳматқарини ноҳияи Ашт самимона табрик гуфта, ба тамоми мардуми сарбаланди вилояти Суғд, бахусус, ноҳияи Ашт барои саҳми арзандаашон дар корҳои ободониву бунёдкорӣ ва иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён менамоям.
ИдомаМулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт.
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот намуданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони вохӯриро бо фарорасии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
ИдомаИфтитоҳи корхонаи ресандагӣ ва муаррифии лоиҳаҳо дар ҶДММ “Саноати Ашт” дар ноҳияи Ашт.
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” расман оғоз бахшиданд.
ИдомаТақдими туҳфа ба ятимон дар ноҳияи Ашт.
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар Корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” бо 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
ИдомаБоздид аз кишти такрории зироати кишоварзӣ, обмонии қатрагӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Абдуҷаббор»-и ноҳияи Ашт.
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор” шинос шуданд.
ИдомаБа истифода додани фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ “Рахшона” дар ноҳияи Ашт.
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт корхонаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”-ро дар деҳоти Ошоба баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
ИдомаОғози сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ва шиносоӣ бо ҷараёни парвариши моҳӣ дар ҳавзҳои суперинтенсивии ҶДММ “Рахшона”.
8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”, ки парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ мондааст, шинос шуданд.
ИдомаКитоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино барандаи Шоҳҷоизаи озмуни байналмилалӣ шуд.
6 сентябр дар шаҳри Москва китоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино «Қонуни тиб» барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни XXI байналмилалии «Санъати китоб» - и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуд, дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Идома