28.01.2019
28.01.2019
25.01.2019
Барномаи “Соҳибҳунар” лоиҳаи нави Телевизиони “Баҳористон” дар соли 2019 бахшида ба соли рушди деҳот сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми роҳандози гардидааст. Дар ин барнома кӯдакону наврасоне, ки ҳунарҳои гуногун доранд аз қабили рассомӣ, заргарӣ, кулоҳгарӣ, бофандагӣ ва ғайра муаррифи мегарданд.
18.01.2019
18.01.2019
18.01.2019
«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус, хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».
( Эмомалӣ Раҳмон ).
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ин мисраъҳои ҷовидонаи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ далолатгари пайдоиши яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи ниёгонамон, ки имрӯз бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри дубора гирифт, мебошанд. Бале имрӯз Сада дар радифи Наврӯз ва Меҳргон ҷашнҳои умумимиллӣ эълон шуда, дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Дар намоиши имрӯза мо сайре ба таърих, ҷашнгирӣ, урфу одат ва тантанаҳои ин чашни ниёгон мекунем. Дар бораи ҷашнгирии Сада ва таърихи пайдоиши он муҳаққиќони зиёде навиштаанд. Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Абулқосим Фирдавсӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Ризо Муродии Ғиёсободӣ, Гардезӣ ва бисёриҳо маълумот додаанд. Ин шаҳодат ба он аст, ки Сада таърихи қадимӣ дорад ва ҳамчун ҷашни ғалабаи нур бар зулмат ва равшанӣ бар торикӣ таҷлил карда мешавад.
«Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада: «Шумори фарзандони Одам абулбашар дар ин рӯз ба сад расид».
( Абӯрайҳонӣ Берунӣ ).
Ҳар ҷашн ба худ анъанаҳову таҷлили хосаи худро дорад, аз ҷумла Сада ҳам. Яке аз маросимҳое, ки хоси Сада аст ин аз болои оташ паридан аст.
«Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу[чормағз] бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳву [бозӣ] шодӣ кунанд. Ва низ гурӯҳе аз он бигузаранд, то ба сӯзонидани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб...»
«Аттафҳим»-и ( Абўрайҳони Берунӣ ).
Имрӯз дар кишвари мо ҷашни Садаро бо риояи суннатҳояш таҷлил мекунанд.
Хусусан хурдсолон шеърхонӣ мекунанду меболанд, ки баҳори оламафрӯз наздик омада истодааст.
Сада - номи рӯзи даҳум баҳманмоҳ аст ва дар ин рӯз форсиён ид кунанд ва ҷашн созанду оташи бисёр афрӯзанд ва мулук ва салотиии эшон мурғон ва ҷонварони саҳроиро гирифта, дастаҳои гиёҳ бар пои эшон баста, дар он гиёҳ оташ зананд, то дар ҳаво бипаранд ва дар саҳро бираванд ва ҳамчунин, оташ дар кӯҳу саҳро зананд».
«Сада ҷашнест, ки порсиён дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ кунанд ва дар он рӯз оташи бисёр афрӯзанд».
Аз ( Бурҳони Ќотеъ ).
Мусаллам аст, ки Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буд, ки ба мардум муждаи нахусти баҳор меовард ва деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамояд.
Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайвандад.Сада ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз моро омода мекунанд. Имрӯз Сада бо пешниҳод ва талошҳои Сарвари давлатамон ба қатори ҷашнҳои умумимиллӣ шомил гардид ва ҳамасола бо шеваи хос таҷлил мегардад. Пас, ин ҷашни фархундаро ба кулли мардуми кишварамон муборакбод мегӯем.
16.01.2019
16.01.2019
Сабти барномаи навбатии “Парвин” бо иштироки кӯдакону наврасони боистеъдод давом дорад. Чун ҳамешагӣ озмун дар 3 бахши санъати мусиқӣ овозхонӣ, навозандагӣ ва рақс пешкаши ҳакамону мухлисон гардид. Ин дафъ дар бахши сарояндагӣ Қурбонали Расулов бо Маҳина Воҳидова, дар жанри навозиш Манучеҳри Умедҷон бо Шукрулло Шамсзода ва дар ҳунари рақс Муҳайё Абдуқаюмова бо Меҳрофарини Маҳмадҳаким рақобат карданд. Агар хоҳед донед, ки кадоме аз ин иштирокчиён даври аввали озмунро гузаштанд, пас барномаи “Парвин”-ро рӯзҳои наздик дар шабакаи мо интизор шавед!
16.01.2019
14.01.2019
Беш аз 7 милярд аҳолии рӯи замин бо ҳам умумиятҳои хеле зиёд доранд. Осон сухан мегӯянд, дарк мекунанд, хотира доранд, мутолиа мекунанд ва монанди инҳо... Мо он вақт нодир мегардем, ки қобилияту истеъдоди мо такрорнашаванда бошад. Қаҳрамони навбатии барномаи “Нодир” Дилрабо Тоҳирӣ мебошад.
14.01.2019
Филми бадеии “Ҳамболи уқоб” ба забони тоҷикӣ баргардонида шудааст.