«Дар меҳмонии Баҳористон»
«Ангубин»
Студияи бачагонаи рақсии ансамбли давлатии «Зебо»
Хабар
Гулдухтарони ансамбли рақсии кӯдаконаи «Лаъл» мерақсанд
Зубейр Каримов — «Душанбе»
Навозиши олӣ дар иҷрои Шукрулло Шамсзода
Омодагӣ ба мавсими сармо.
Дар Муассисаи томактабии рақами 124-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ баҳри бе мушкилӣ сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Бино ба иттилоъи масъулин Кӯдакистони мазкур аз 12 гуруҳ иборат буда, ҳамаи онҳо дорои шароити мусоид мебошанд. Роҳбарияти Муассисаи мазкур барои бо гармӣ таъмин намудани гуруҳҳо аз таҷҳизоти гармитаъминкунандаи Боллер истифода карда, дар баробари ин ба миқдори муайян захираҳои иловагӣ доранд. Ҳолати кории таҷҳизотҳои гармидиҳанда пайваста назорат карда мешавад.
Иштироки муваффақонаи хонандагон дар олимпиадаи байналмилалӣ.
Дар Олимпиадаи байналмилалии «Дониш дар Анталия» 20 нафар хонандагони шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум гардида, 28 нафар сазовори зинаи дуюм ва 47 нафар мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Олимпиадаи мазкур дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид. Олимпиадаи мазкур миёни синфҳои 2-11 аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, физика, химия, биология, таърихи ҷаҳон, муҳити атроф, сайёҳӣ ва шоҳмот баргузор гардид.Дар олимпиадаи мазкур 1200 нафар иштирокчӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва ғайра табодули маҳорат намуданд.















