Дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе маҳфили идона ба ифтихори Рӯзи Модар бо иштироки хонандагон ва омӯзгорони таълимгоҳ баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур хонандагон доир ба қадру манзалати модар шеърҳоро аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик баҳри ҳозирин қироъат намуданд. Ҳамзамон таълимгирандагон бо иҷро намудани саҳначаҳои тарбиявї таъби аҳли нишастро болида намуданд.
Оғози даври сеюми олимпиадаҳои «Spelling bee» ва шоҳмот.
Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе даври сеюми олимпиадаи «Spelling bee» ва олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.Дар даври минтақавии олимпиадаҳои мазкур 178 нафар хонанда аз 13 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва инчунин аз муассисаҳои типпи нав иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки дар олимпиадаи «Spelling bee» 85 нафар довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аз Гимназияву Литсей байни худ рақобати зеҳнӣ намуданд. Дар олимпиадаи шоҳмот 93 нафар хонанда аз 13 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
«Нақши занон дар хизмати давлатӣ».
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш дар мавзӯи «Нақши занон дар хизмати давлатӣ» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ фаъолзанон ва омӯзгорону донишҷӯёни Академияи мазкур иштирок ва дар мавзӯъҳои зан,модар, роҳбар, Зан ва Ваҳдат, суханронӣ намуданд. Тавре қайд гардид,имрӯз нақши занон дар баробари мардон дар сохторҳои гуногуни кишвар назаррас буда, дар рушду пешрафти давлат ҳиссаи муносиби хешро гузошта истодаанд.Айни замон шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла аз шумораи кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Таҷлили рӯзи Модар дар Муассисаҳои томактабӣ.
Дар Муассисаи томактабии №112 ноҳияи Синои пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар маҳфили адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Тадбири мазкур бо иштироки тарбиятгирандагон ва модарону мураббияҳо ҷараён гирифт. Хурдсолон бо лафзи ширини хеш дар васфи модар, «Ватан», «Баҳор» шеърҳо қироат намуданд. Инчунин дар бораи қадру манзалати модар саҳначаи тарбиявӣ низ иҷро карда шуд. Аз ҷониби дустрӯякон рақсҳои мавзун иҷро гардид, ки ба ҳозирин писанд омад.
«Таҳамтан»
«Ахтарони Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…»
«Сафои саҳар»
Истиқбол аз омад-омади баҳори пурфайзу гулбадомон.
Ғолибони мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс муайян гардиданд.
Дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи обӣ» -и шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон ( мардон ва бонувон ) баргузор гардид. Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс нахустин сабқати расмӣ дар мавсими нав маҳсуб ёфта, тўли 3 рўз идома кард. Дар натиҷа миёни бонувон Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Нигора Олимова, Мавлуда Абдуллозода, Гулафзо Қақназарова дар вазнҳои худ чемпион шуданд. Байни мардон Шаббос Неъматуллоев, Меҳрон Шафиев, Баҳодур Усмонов, Меҳроб Ҳамидов , Меҳроҷ Зоидов, Воҳид Асроров, Бахтовар Сагизов, Некрӯз Салимов зафар ёфтанд.
Оғози курси омӯзишии «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат».
Дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҶТ барои солҳои 2022-2026» курси омӯзишии «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид. Ба курси омӯзишӣ 50 нафар донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии кишвар ба муҳлати се моҳ ҷалб гардиданд. Баъди анҷоми курси мазкур иштирокчиён бо шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида мешаванд.
Оғози марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар соли 2023.
Шурӯъ аз 1 март марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 оғоз гардид. Ёдовар мешавем, ки марҳалаи номнависӣ дар 59 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ин миқдор шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар 44-тои онҳо 49 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 15-тои дигари онҳо нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ фаъолият мекунанд. Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, чун солҳои пеш, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гуруҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Муҳлати марҳалаи асосии бақайдгирӣ то 30-юми апрел муқаррар гардидааст.































