Перейти к содержимому
 

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар таълимгоҳи №55-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳафтаи дарсҳои намунавӣ гузаронида шуд.  Инчунин ҷиҳати хубтару беҳтар омӯзонидани фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ин ҳафта дарсҳо дар сатҳи хуб ва бо омодагии ҷиддии омӯзгорони фаннӣ ҷараён гирифт. Аз ҷараёни дарси физика маълум гардид, ки хонандагон мавзӯи дарсро хуб дарк карда, ба саволҳои омӯзгори ин фан ҷавобхои мушаххас доданд. Мавзӯи дарси хонандагон «Сохти атом» буда, дар соати дарси намунавӣ хонандагон хеле фаъолона ширкат варзиданд. Ва доир ба паҳлӯҳои мухталифи сохти атом маълумоти саҳеҳ бардоштанд ва дар бобати  неругоҳҳои  атомӣ ва обӣ   ибрози назар намуданд. Гузаронидани чунин дарсҳо ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва  онҳоро ба омӯхтану донистани фанҳои табиию риёзӣ, дақиқ ва забономӯзӣ ҳамаҷониба равона менамояд. 

 Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки теъдоди зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва падару модарони онҳо чорабинии рамзии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ вориди бинои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» шуда, бо шароитҳои фароҳамгардида баҳри таълиму тадриси кӯдакону наврасон дар маҳфилҳо аз наздик шинос гардиданд ва ба маҳфилҳои писандидаашон худро номнавис намуданд. Баъди ошноӣ пайдо намудан бо фаъолияти маҳфилҳо ба иштирокчиёни чорабинӣ дар толори фарҳангии Муассиса аз тарафи маҳфилҳои эҷодӣ-бадеӣ ва ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» -и Муассиса барномаи рангини консертӣ пешкаш гардонида шуд.

Аз 13-14 уми сентябри соли равон қабули хонандагон дар Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур таҳти унвони «Дарёфти истеъдодҳои нав» ташкил ва баргузор мегардад. Ин иқдом, бо мақсади ҷалби бештари хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун, дарёфти хонандагони лаёқатманд ва муаррифии истеъдодҳои нав ба роҳ монда шудааст. Ёдовар мешавем, ки  қабули хонандагон аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ, ҳамзамон маҳфили доимоамалкунандаи «Шоҳмот» сурат гирифта, хонандагони аз синфҳои 5 то 11 ҷалб карда мешаванд.   

Дар Литсейи  рақами 1-ум барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе барои хонандагон шароити мусоиди хониш  фароҳам оварда шудааст. Хонандагон дар  кабинетҳои фаннӣ  таълим гирифта,дар равияи  табиӣ, риёзӣ фанҳои мазкурро бо забони русӣ  меомӯзанд. Ҳамзамон хонандагони Литсей дар ин самт ба як қатор комёбиҳо  ноил гардидаанд. Аз ҷумла,  дар олимпиадаи байналмиллалӣ, ки таҳти унвони «АЙ ЭС АЙ - Ҷуниор» аз фанни технологияи иттилоотӣ миёни хонандагони синфҳои 5- 8, ки  аз 1 то 8-уми июли  соли равон дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифта буд, 3 нафар хонадагони ин таълимгоҳ ширкат варзида, 1  нафар соҳиби мақоми 2-юм ва 2-нафар зинаи 3-юмро ишғол намуданд.