Перейти к содержимому
 

Дар МТМУ №70 пойтахт дарси технологияи иттиллоотӣ тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои масъулин дар таълимгоҳ 2 синфхонаи технологияи иттилоотӣ мавҷуд буда, бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Мавриди зикр аст, ки  муассиса дорои 125 адад компютер буда,  хонандагон ба компютерхо дастрасӣ доранд. Иштироки хонандагони талимгоҳ дар озмуну олимпиадаҳо низ назаррас мебошад. Аз ҷумла, 5 нафар хонанда дар даври ноҳиявӣ ва 3 нафар хонандаи дигар дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.

Дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба якҳарбаҳои шарқӣ  мусобиқаи шаҳрӣ оид ба каратэ-кёкушинкай миёни кӯдакону наврасон баргузор  гардид. Дар натиҷа Муҳаммад Шарифов миёни муҳорибачиёни 9 то 10 сола ҷои аввалро ишғол намуд. Самир  Раҳмонов дар байни варзишгарни 9 то 10 сола қаҳрамон шуд. Шаҳром Худойдодов дар вазни 28 кг, Билол Саидов дар вазни то 28 кг, Раҳим Алиев дар вазни то 24 кг  ҷои аввалро соҳиб шуданд. Дар вазни 35 кг Сафо Назарамонов ҷои аввалро касб намуд. Миёни варзишгарони 14 то 15 сола мақоми аввал насиби Комрон Назаров гардид. Дар байни варзишгарони 10-11 сола Муҳаммад Раҳимзода аз ҳама пештар шаҳди пирӯзиро чашид. Муҳаммад Фидоев дар вазни то 30 килло зафар ёфт.

Семинар-машварати равоншиносони Кӯдакистонҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси нақшачорабиниҳои Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур, дар як моҳ ду маротиба баргузор карда мешавад. Чорабинии навбатӣ дар Муассисаи томактабии рақами 3-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки равоншиносони  Кӯдакистонҳои ҳудуди ноҳия сурат гирифт. Дар доираи семинар нахуст машғулияти омӯзишӣ бо иштироки тарбиятгирандагон дар  мавзуъи «Об манбаи ҳаёт»  баргузор гардида, дар ҷараёни он кӯдакон фаъолона иштирок намуданд.

Бо иқдоми Сарраёсати маорифи ш. Душанбе дар Муассисаҳои таълимӣ ва томактабии 4 ноҳияи пойтахт дар байни масъулин ва кормандони соҳа машваратҳои омўзишӣ ба роҳ монда шуд. Чунин семинар-машварати омўзишию дастурдиҳӣ дар таълимгоҳи № 58 ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе бо иштироки директорони Муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ва намояндагони шуъбаи маориф баргузор гардид. Зимни машварат  чанде аз соатҳои дарсии омўзгорони МТМУ №58 пойтахт  мавриди санҷишу баррасӣ қарор гирифта шуд.