Перейти к содержимому
 

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии  «Илм-фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва омӯзгорону ғолибони озмун ширкат намуданд. Дар даври дуввум дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 400 довталаб ширкат варзида, аз миёни онҳо 74 нафар аз рӯи наминатсияҳо ғолиб дониста шуданд. Дар як вақт ба ғолибон аз ҷониби масъулин диплом ва туҳфаҳои пулӣ супорида шуд.

Ба муносибати Рӯзи байналмиллалии шоҳмот бо ибтикори Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маркази шоҳмот ба истифода дода шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, марказ бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар он наврасону ҷавонон имкон доранд ба варзиши зеҳнӣ машғул шаванд. Феълан дастаи мунтахаби шоҳмоти Тоҷикистон ба Олимпиадаи байналмиллалии шоҳмот, ки 28 июл дар Ҳиндустон оғоз мегардад, омодагӣ мебинанд. Дар Олимпиада иштироки 187 дастаи мардон ва 162 дастаи бонувон дар назар аст.