Дар Филиали муассисаи давлатии маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи пойтахт озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе аз соли 2017 инҷониб роҳандозӣ мегардад. Тибқи низомнома ба довталабон аз рӯи 8 фанни таълимӣ саволномаҳо пешниҳод карда мешавад. Бояд гуфт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.
Идомаи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон».
Рӯзи 3-юми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-уми шаҳри Душанбе бо садои фораму дилнишини карнаю сурнай оғоз ёфт. Ҷашнвораи китобро хонандагону омӯзгорони таълимгоҳи мазкур, аҳли адаб ва намояндагони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, инчунин дигар китобдорон бо хондани шеъру порчаҳои назмӣ дар васфи китобу муаллим ва дониш, хушу хотирмон истиқбол гирифтанд. Нахуст аҳли адаб аз намоиши дастовардҳо, китобҳои тозанашр ва ҳунарҳои хонандагони муассисаи мазкур дидан намуданд.
Идомаи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон».
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар МТМУ №50-и шаҳри Душанбе бо иштироки шоирону нависандагон, омӯзгорон, китобдорону хонандагон баргузор гардид. Дар саҳни Муассиса китобҳои тозанашри адибон ба намоиш гузошта шуда буд. Хонандагон дар бораи китоб суханҳои пурмазмунро пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар идомаи тадбири мазкур шоираи ширинкалом Шаҳрияи Аҳтамзод суханронӣ карда, қайд намуданд, ки воқеан дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Зеро миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст.
Роҳандозии даври шаҳрии озмуни «Шоҳномахонӣ».
Дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Шоҳномахонӣ" идома ёфт. Дар рӯзи дуюм хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе тибқи низомномаи озмун аз рӯйи номинатсияҳои қироати ифоданоку таъсирбахши порчаҳо аз рӯйи қисматҳои «Шоҳномахонӣ», дарки маънии порчаҳои азёднамуда ва шарҳу тавзеҳи байтҳои алоҳида, луғатдонӣ, тасвири расми беҳтарин аз рӯйи корномаҳои қаҳрамонҳои «Шоҳномахонӣ», намоиши саҳнача аз рӯйи достонҳои «Шоҳномахонӣ» донишу маҳорати худро пешкаши ҳайати ҳакамони озмун гардониданд.
Баъди хулосабарории ҳайати ҳакамон ғолибони озмун бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда мешаванд.
Оғози Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон».
Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба Рӯзи байналмилалии китоби бачагона Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» оғоз гардид. Хонандагон аз ашъори шоирон оид ба мутолиаи китоб ва дӯст доштани ин шуғл шеър қироат намуданд. Кӯдакону наврасон бо адибони шинохтаи тоҷик суҳбат намуда, таасуроти хешро доир ба китобҳои хондаашон баён намуданд. Рӯзҳои дигари Фестивал ва ҷамъбасти он тибқи нақшаи китобхонаҳои ҷумҳурӣ, бо иштироки адибон, олимон ва коршиносони соҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Роғун, Ваҳдат ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Файзобод баргузор мегарданд.
ХИЗМАТИ МОДАР-ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар Хатлон 1000 нафар даъватшавандаро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел карданд.
ДУШАНБЕ, 04.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар маросими гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ барпо гардид. Садҳо нафар ҷавонони матину шуҷоъ аз ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилоят бо рӯҳияи баланду ифтихори соҳибватанӣ саф ороста, ба маҳалли баргузории чорабинии тантанавии «Рӯзи даъватшаванда» ҳозир шуданд. Қабл аз оғози ҳамоиш дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими «кулчагазон» баҷо оварда шуда, модарон ба фарзандони наваскари худ дуои нек доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Дар маросими гусели наваскарон ба 1000 нафар даъватшаванда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар ҷамъомад Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки имрӯз ҷавонони бо нангу номуси мо барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Модар–Ватан ҷамъ омада, баҳри содиқона хизмат намудан камари ҳиммат бастаанд.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад».
Раиси вилоят аз масъулиятшиносӣ, ташаббуси ватандўстона, ҳувияти баланди миллӣ, матонату ҷавонмардии ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати Ватан ҳозиршуда ёдовар шуда, ба волидайни онҳо барои тарбияи ҷавонписарони боғайрату баномус изҳори сипос намуд.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон пайваста ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони мамлакат, инчунин ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоянд, ки «зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мо бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст».
Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муҳимеро ба анҷом расонида истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда 1000 нафар даъватшавандагон ҳар сол ба курсҳои ронандагӣ ва ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегардиданд. Тайи ду соли охир бошад, шумораи ҷавонони синни даъватие, ки ба курсҳои ронандагӣ ҷалб мешаванд, ба 1500 нафар расидааст.
Раиси вилоят ба масъулини ноҳияҳое, ки нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзҳои аввал ба анҷом расонидаанд, изҳори сипос намуд.
Дар баробари ин, бо истинод ба таҳлилҳои анҷомёфта гуфта шуд, ки дар мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аз беэътиноии волидайн, ба таври зарурӣ корбарӣ накардани масъулини соҳа, мувофиқи матлаб баргузор накардани чорабиниҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон иҷрои нақшаи маъракаи даъват кашол ёфта буд. Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки корҳои оммафаҳмонӣ ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва варзиширо дар байни аҳолӣ бо ҷалби масъулини соҳаҳои дахлдор ҷоннок намуда, сари вақт иҷрои нақшаи пешбинишударо таъмин намоянд.
Дар идомаи ҳамоиш сарбозони оянда ва волидони онҳо бо самимияти хосса нисбат ба ҳифзи марзу буми Ватан сухан гуфтанд. Ҳамоиши мазкур бо намоиши машқҳои ҳарбӣ анҷом ёфт.
«Ғунчаҳои истиқлол»
Консерт дар ш. Ҳисор.
«Ҳафтранг»
«Ғунча»
Хирсаки гулпарвар.
«Фикри Шумо?»
Роҷеъ ба фаъолияти пурсамари ММТ дар соли 2023.


























