Ҷараёни баргузории ҷашни бошукуҳи Сада дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ.
«Ахтарони озмуни Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шуд.
ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 21 ихтироъ пешниҳод карда шуд, ки бештари онҳо вобаста ба ҷарроҳиҳои гуногун ва дорувориҳои зиддимикробӣ мебошанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф изҳор дошт, ки ҳар ихтирое, ки дар самти тиб ба амал меояд, дар тамоми маҷаллаҳои ҷаҳонӣ ба нашр расида, онро плагиат кардан номумкин аст.
«Ихтирооти аз ҷониби Донишгоҳ пешниҳодшуда вобаста ба ташхису табобат барои баланд бардоштани дараҷаи муолиҷаи беморон ва ҳамчунин паст намудани сатҳи беморӣ миёни аҳолӣ хизмат хоҳанд кард»,-афзуд ӯ.
Тазаккур дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ пурра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба талаботи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва дорои Сертификати мутобиқат мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо зиёда аз 72 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилоти хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, имрӯз донишгоҳ бо кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Молдова, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Италия ва ғайра ҳамкории зич дорад.
Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки соли сипаригардида 2 созишномаи дуҷониба тамдид ва 12 созишномаи дуҷониба ба имзо расонида шуданд.
«Ҷиҳати татбиқи шартномаҳои мазкур дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мунтазам барномаҳои мубодилаи академӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқоти илмӣ-амалии муштарак амалӣ карда мешаванд. Тибқи мубодилаи академӣ, дар давраи ҳисоботӣ 19 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати идомаи омӯзиш дар семестри баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба Академияи давлатии тиббии Ижевск равона карда шуданд»,-гуфт ректори донишгоҳ.
АРҶ МЕГУЗОРЕМ. Дар Бохтар Осорхонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода таъсис меёбад.
ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз 27 декабри соли 2022 Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода номгузорӣ шуд. Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон тасмим гирифтааст дар ин макони фарҳангӣ осорхонаи ҳаҷвнигори нотакрори тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозодаро таъсис диҳад. Дар ин хусус дирўз, 31 январ зимни нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфта шуд, ки дар вилоят 890 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 492 адад китобхона, 286 адад муассисаҳои клубӣ 3 адад филармонияи халқӣ 3 адад театрҳои касбӣ, 35 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 адад осорхона мавҷуд аст, ки аз ин шумора 52 китобхона, 36 иншооти фарҳангӣ таъмирталаб мебошанд.
Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода иттилоъ дод, ки дар ҳудуди вилоят 3 адад ансамблҳои касбии «Шашмақом», «Хутал», «Фалак», 1 ансамбли рақсии «Ситора»- и шаҳри Бохтар ва 11 ансамблҳои рақсӣ фаъолият доранд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик 17 феврали соли равон дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ солҳои охир вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.
Аловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Ҳунарманд соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм карда, корро дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа оғоз намуд. Ӯ дар ин ҷо ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карда, чандин солҳо роҳбарии ин театрро бар дӯш дошт.
А. Абдуллоев барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзиш соли 2006 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2013 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ҳунарпешаи нотакрор дар намоишҳои театрии «Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» нақшҳои марказиро бозидааст.
Ҳамчунин ҳунарманд дар филмҳои «Братан», «Падари маҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра низ нақшҳои мондагор офаридааст.
Ҳунарманди маъруф бо таҳияи барномаи «Шӯхиҳои Аловуддин», ки тайи 10 соли охир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мегардид, миёни тамошобини тоҷик аз маҳбубияти хос баҳравар буда, ҳаводорони ҳунараш рӯз то рӯз меафзуданд.
Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо ҷавонони ноҳияи Шаҳринав вохӯрӣ доир карда шуд.
ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар Литсейи хонандагони болаёқати ноҳияи Шаҳринав вобаста ба шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо ҷавонони фаъоли ноҳия мулоқот доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
Дар ҷамъомад муовини Раиси ноҳияи Шаҳринав Шоиста Неъматуллозода ва намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Холова сухан гуфтанд.
Зимни мулоқот дар баробари тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ҳамзамон доир ба масъалаҳои гиромӣ доштан ва ҳимояи истиқлолу озодии миллати тоҷик, таҳкими ваҳдати миллӣ, амалӣ гардонидани раванди корҳои ободонӣ, омӯзишӣ, маърифативу фарҳангӣ, тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва оиладорӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби занону ҷавонон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ибрози андеша карда шуд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Раддабандии байналмилалии IAAR Eurasian University Ranking-2022 соҳиби ҷойи 4-ум гардид.
ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Раддабандии байналмилалии IAAR Eurasian University Ranking (IAAR EUR)-2022, ки 8 октябри соли 2022 натиҷаҳои он дар Форуми VI байналмилалии Осиёи Марказӣ доир ба таъмини сифати таҳсилот бо иштироки шабакаҳои аврупоӣ эълон гардид, соҳиби ҷойи 4-ум ва соҳиби ҷоизаи «IAAR EUR Worldwide recognition» Award гардид. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода 31 январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Қобилҷон Хушвахтзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли 2022 ҳамчунин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз рӯйи 36 нишондиҳандаи илмиву таълимӣ дар байни 34 муассисаи олии таълимӣ мақоми аввалро касб кард.
Ин раддабандӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаи олии Тоҷикистон аст. Ҳоло ин донишгоҳ 14 факултет ва 125 кафедра дорад. 1334 нафар омӯзгор, аз ҷумла 12 академик, 13 узви вобастаи АМИТ, 192 доктори илм, профессор, 649 номзади илм ва дотсентон ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Шумораи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 22 787 нафар аст.Инчунин дар нишасти матбуотӣ иброз карда шуд, ки соли сипаригашта бо ибтикори раёсати Донишгоҳ Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев, Студияи таълимии радиои факултети журналистика рӯи мавҷи алоҳида дар диапазони 90,5 FM бо унвони “Садои Донишгоҳи миллӣ”, Озмоишгоҳи нанотехнологияи Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, лабораторияи илмӣ дар факултети химия, таъсиси филиали китобхонаи илмӣ дар “Шаҳраки донишҷӯён”, ба истифода додани амфитеатр ва майдончаи варзишӣ дар саҳни бинои Конфутсий ва таҷдиди Маркази русӣ сурат гирифт.
Ҳар кадоми ин озмоишгоҳу марказҳо барои истифодаи самараноки устодону донишҷӯён дар раванди машғулияти дарсӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона гардидаанд.
ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Яке аз онҳо Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 аз ҷониби СММ аст.
ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 бозгӯи дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои об, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе.
Мавриди тазаккур аст, ки моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти Тоҷикистон аз ҷониби 153 давлати узви СММ дастгирӣ ёфтанд. Дар асоси он 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, дар назди СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Инчунин соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъкид намудааст. Инчунин дар ин санад гуфта шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст. Шумораи зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бозгӯи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.
Ҳамзамон Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки барои дар амал татбиқ намудани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат тадбирҳои зарурии амалӣ андешида шуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон: «2201 нафар ба фаъолияти омӯзгорӣ сафарбар гардиданд».
ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли гузашта дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ 2201 нафар баъди хатми донишгоҳ ҳамчун омӯзгор фиристода шуд. Ин матлабро Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
«Бо ин мақсад тасмим гирифтем, ки давра ба давра донишҷӯёнро ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ба муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ сафарбар намуда, мушкилоти ҷойдоштаи норасоии мутахассисонро дар муассисаҳои таълимӣ бартараф намоем», -гуфт ректори донишгоҳ.
Иброз карда шуд, ки шартномаи ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ нисбат ба солҳои пешин ба маротиб зиёд шудааст, аз ҷумла агар то соли 2021 бо 25 мактаб шартномаи ҳамкорӣ вуҷуд дошт, соли 2022 ин теъдод ба 35 адад расидааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 январи соли 2023 баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар сатҳи мутобиқ ба талаботи муосир тайёр намудани омӯзгорон ва ба ин восита пурра бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор тавассути пешниҳоди имтиёзҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳо, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Аҳлиддин Ибодуллозода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли равон Литсейи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои хонандагони синфҳои 5-11 ба фаъолият оғоз менамояд. Инчунин имсол дар факултетҳои химия, биология ва физика 3 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода мешавад.
«Давоми соли 2023 нақша дорем, ки барои донишҷӯёни факултетҳои химия, биология ва география бинои нави дуошёнаи таҷрибомӯзиро, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми он идома дорад, мавриди истифода қарор диҳем», гуфт Аҳлиддин Ибодзода.
Соли 2022 шуъбаҳои рӯзона ва фосилавии донишгоҳро 3093 нафар хатм намудаанд.
«Сада»
«Дар меҳмонии витаминҳо»
Гулудард, роҳҳои пешгирӣ ва табобати он.













