Шумораи навбатии ин маҳфил бо ширкати адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзода баргузор гардид. Тавре таъкид рафт номбурда, мунаққид, адабиётшиноси варзида, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи С.Айнӣ буда, дар рушди адабиётшиносӣ, хоса самти матншиносӣ саҳми назаррас гузоштааст. Дар ҳамоиш зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки Аламхон Кӯчарзода муаллифи рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина» -и С. Айнӣ, Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми Мирзо Турсунзода, «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик», «Нақди матни осори С. Айнӣ, Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ, «Турсунзода: маҳорат ва садоқат», «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С. Айнӣ" ва зиёда аз сесад мақолаи илмӣ ва илмӣ - оммавӣ мебошад.
«Таҳамтан»
Дастпарварони мактаби варзишии № 6-уми Намудҳои гӯштини захираҳои олимпӣ.
«Сафои саҳар»
Маълумотҳои ҷолиб, бахшу сюжаҳои диданӣ ва маслиҳатҳои муфиди равонӣ.
«Интеллект »
Саволу ҷавоб бо хонандагони МТМУ № 31- и ш. Душанбе.
«Аниси кунҷи танҳоӣ»
«Ахтарони Озмуни Фурӯғи субҳи доноӣ»
Мулоқоту вохӯриҳои судманд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни наврасон ва ҷавонони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид. Зимни баромади масъулин қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии аҳолӣ, махсусан ҷавонон пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терористӣ, муқовимат бо зуҳуроти номатлуб таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт Стратегияву барномаҳои муҳимро қабул кардааст.
Ҳунар давлати поянда аст.
Ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Ҷорӣ намудани фанни технологияи меҳнат дар Муассисаҳои таълимӣ низ ҳар чӣ бештар ҷалб намудани хонандагон ба ҳунару касбомӯзӣ мебошад. Дарси технологияи меҳнат дар таълимгохи №94- уми пойтахт аз руйи барномаи таълимӣ дар як ҳафта ҳамагӣ як маротиба гузаронида мешавад. Дар рафти дарси мазкур ба хонандагон тарзи дӯхтани либосҳои гуногун, бофандагӣ, шерозбофӣ ва дигар ҳунарҳоро меомӯзонанд, ҳамзамон тарзи омода ва тайёр кардани хӯрокҳо ва хӯришҳоро низ ба хонандагон ёд медиҳанд.
«Таҷриба»
Об ва чӯбча дар наздатон ҳаст? Хеле хуб, таҷрибаро бо мо иҷро намоед.
«Суҳбати рӯз»
Ҷараёни суҳбат вобаста ба Паёми Пешвои миллат.














