Лоиҳаи нави ТВ - «Баҳористон» дар соли 2022 таҳти унвони «Дар меҳмонии Баҳористон» таҳия ва пешниҳод мегардад. Бояд қайд намоем, ки дар барномаи мазкур ҳунармандони шинохта ба ҳама саволҳои дуструякони зираку кунҷкоб посух мегардонанд. Ҳадаф аз таҳияи барнома ин ҷалби кўдакону наврасон ба санъати волою асил мебошад. Интизор бошед!
Аз қаъри таърих
«Хоҷамашҳад»
Рақси дугонаҳо зери зарби доира ш. Хуҷанд
«Лаҳзае дар дунёи тифлӣ»
Ҳаракати қатораҳо миёни Душанбе ва Тошканд барқарор мегардад.
Дар асоси мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон ба даст омаданд, ҳаракати қатораҳои мусофиркашонӣ дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз 20-уми июни соли 2022 оғоз мегардад.
Мусофирон метавонанд барои сафар таввасути қатора дар масири Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз хазинаҳои фурӯши чиптаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон чиптаҳоро харидорӣ намоянд.
Кӯдакон ояндаи миллатанд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар доираи барномаи мазкур кӯдакон бо шакли зиндаи одамони «Асри санг», «Маликаи Саразм», «Кентавр» аз наздик шинос шуда, инчунин дар озмунҳои саволу ҷавобҳо, қироати шеър дар васфи Ватан-Модар ва чистонҳо иштирок намуданд. Ҳамзамон ба ғолибон шириниҳо туҳфа карда шуд. Дар ин рӯз кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ширкатдоронро бо толорҳои Осорхона шинос намуда, тамошои экскурсионӣ доир карданд.
Рӯйнамоии китоби «Килки сабз»
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе, дар Муассисаи давлатии маркази кӯдакон ва наврасони пойтахт маросими рӯнамоии маҷмуаи шеърҳо ва ҳикояҳои эҷоднамудаи иштирокчиёни Форуми 1 навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе таҳти унвони «Килки сабз» сурат гирифт. Маҷмӯаи шеъру ҳикояҳои иштирокчиёни Форуми якуми навқаламон ва эҷодкорони навраси пойтахт дар фурсати кӯтоҳ бо теъдоди 500 нусха бо сифати баланд дар нашриёти «Адиб» интишор гардидааст. Дар ин маҷмуа маҳсули тахаюли бадеии эҷодкорони навқалам гирд оварда шудааст.
Иштироки фаъолонаи варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ш. Бухоро.
Дар шаҳри Бухоро мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини бразилӣ ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Сабқати бурунмарзӣ аз рӯи намудҳои ҷиу-ҷитсу -Ги, ноги ва файтинг баргузор гардид. Дар сабқати мазкур беҳтарин варзишгарон аз давлатҳои гуногуни дунё ширкат варзиданд. Алалхусус дар турнири байналмилалӣ дастпарварони Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи ҷумҳурӣ дар ҳайати мукаммал қуввасанҷӣ карда, беш аз 25 медал ба даст оварданд. Аз ҷумла, Мансур Сабуров, Муҳаммадшофеъ Баротов, Муҳаммадсолеҳ Баротов, Аҳмадҷон Наримонов, Ҷаҳонгир Амиршоев, Фарҳоди Фаррух, Муҳаммад Сангинов ва Фирӯз Музаффарзода соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
1 июн
Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон
Фарзанд арзишмандтарин ганҷи хазинаи ҳастии мост. Мо бояд эҳтиёт шавем, то ин ганҷ қиматашро гум накунад.
Имрӯз ба хотири дар беҳтарин шароит ва ширину гуворо гузаштани ҳаёти кӯдакон ва наврасон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои ғамхоронаи Сарвари давлат ҳамаи чораҳоро меандешад ва мо боварӣ дорем, ки ҳар як кӯдаке, ки дар оғӯши модаронаи Тоҷикистони азиз парвариш меёбад, қаноатманданд дар оянда фахри ин ватан, ин миллат мегарданд.
Ояндаи фарзанди ботарбия узви оилаи хушбахт, боиси сарбаландии миллат ва соҳибдавлат будани ӯст. Ин омилҳо ба кӯшиши ҳар яки мо вобастагӣ дорад.
Ин рӯзи некро ба ҳамаи кормандони ТВ «Баҳористон», ки шабонарӯзӣ барои насли наврас заҳмат мекашанд, барномаҳои ҷолиб таҳия мекунанд, муборак мегӯем!
Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакон ва наврасон-Баҳористон» Маҳмудӣ Ҳ. Н.

Бозгашти варзишгарони наврас аз Чемпионати ҷаҳон.
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи ғайрикасбии унифайт миёни кӯдакон баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши варзишӣ шаш варзишгар зери роҳбарии устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, довари дараҷаи байналмилалӣ Баҳриддин Сироҷов намояндагӣ карданд. Дар натиҷа ба унифайтчиёни тоҷик муяссар шуд,то сазовори 1 медали тилло,чор нишони нуқра ва 1 ҷоизаи биринҷӣ гарданд. Аз ҷумла, Комилҷон Ҳасанов дар вазни 18 кг байни 6 ва 7 солаҳо медали тилло ба даст овард. Анӯшервон Салимов дар вазни 20 кг ҷои дуюм, Аҳмадҷон Дӯстмуродов дар вазни 24 кг ҷои дуюм, Сулаймон Миров дар вазни 31 кг ҷои дуюм, Аҳмадҷон Латифов дар вазни 35 кг миёни 10-11 сола мақоми дуюм ва Умар Табаров дар байни 8 ва 9 сола ҷои сеюмро ишғол намуданд.