Ҳикояи ҳаҷвӣ бо номи «Агар пашша намебуд...».
«Let’s speak English »
Бо тамошои барнома Шумо метавонед забони англисиро бозҳам хубтару осонтар омӯзед.
«Ангубин»
Қаҳрамони барнома Оминаи хурдакаку кунҷкоб.
«Дар вақти таътил»
Барномаи мазкур дар истироҳатгоҳи «Орзу» -и н. Варзоб сабт карда шудааст.
«Ширинак»
Омода намудани як навъ ширинии мевадор.
Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ дар ш. Душанбе
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи чоруми байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Мусобиқа бо дастгирии Федератсияи осиёӣ дар хамкорӣ бо Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ ташкил гардид. Мусобиқа байни кӯдакон, наврасону ҷавонон ва бузургсолон гузаронида шуд. Дар сабқат ба ҷузъ дастаҳо аз минтақаҳои мухталифи кишвар, инчунин тимҳо аз Ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Эрон низ ширкат варзиданд. Ҳамин тариқ варзишгарони тоҷик Мансурҷон Сабуров, Юсуф Давлатов, Ибодулло Ибодов, Фарҳоди Фаррух, Муҳаммад Сангинов дар вазнҳои худ ғалаба карданд.
Ифтитоҳи басти якуми истироҳат дар Истироҳатгоҳи «Обшорон»
Дар Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Обшорон» маросими ифтитоҳи басти якуми истироҳати хонандагон баргузор гардид. Дар басти 1-уми истироҳатгоҳи «Обшорон» зиёда аз 145 нафар насли наврас аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва 10 нафар аз Мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав ба истироҳату фароғат ҷалб гардидаанд.
Баргузории Фестивали байналмилалии «Шукуфаҳои пойтахт»
Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе Фестивали 2-юми байналмиллалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон «Шукуфаҳои пойтахт» идома дорад. Маросими ифтитоҳи Фестивали байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Дар Фестивали мазкур ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон аз шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия, Тошкент ва Нукуси Ҷумҳурии Узбекистон, Алмаатои Қазоқистон, Ҳиндустон, наврасони соҳибистеъдоди Афғонистон, ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзодаи ҶТ ширкат меварзанд. Фестивали 2 байналмилалии эҷодиёти бадеии кудакон ва наврасон «Шукуфаҳои пойтахт» то санаи 26 июн идома меёбад.
Маросими ифтитоҳи басти аввали истироҳати «Файзи Истиқлол»
Дар Истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» ки дар ноҳияи хушманзараи Варзоб ҷойгир аст, маросими ифтитоҳи басти аввали истироҳати кӯдакону наврасон баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии истироҳатгоҳ кӯдакону наврасон бо парчами давлатӣ қадамзанон ба идгоҳ ҳозир шуданд. Тибқи маълумот дар басти 1-уми Истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» зиёда аз 360 нафар насли наврас аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба хусус аз вилояти Хатлон ва Мактаб-интернати ношунавоёни нохияи Рӯдакӣ ба истироҳату фароғат ҷалб гардидаанд, қи барои онҳо дар ин ҷо шароити мусоиди истироҳатӣ фароҳам оварда шудааст.
Навозиш бо рубоб
Дилноза Бойматова.