Перейти к содержимому
 

Дар истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакону наврасон ба номи «20 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ» воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими пӯшидашавии басти сеюми истироҳат баргузор гардид. Дар маросими пӯшидашавии истирохатгоҳ кӯдакону наврасон бо парчами давлатӣ, қадамзанон ба идгоҳ ҳозир шуданд  ва бо садо додани суруди миллӣ сарварони гурӯҳҳо ба роҳбари истироҳатгоҳ гузориш доданд. Қайд карда шуд, ки дар Истироҳатгоҳ беш аз 300 нафар хонандагон аз минтақаҳои мухталифи кишварамон истироҳату фароғат намуданд.

Дар доираи нақша чорабиниҳои Раёсати ВКД дар ш. Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохторҳои марбута бо мақсади пешгирии ғарқшавии кӯдакону наврасон ва ҷавонон амалиётҳои санҷишӣ дар ҳудуди пойтахт гузаронида шуд. Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки бештари кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар ҷойҳои хатарнок ва ба талабот ҷавобгӯ набуда ба оббозӣ машғул шуда, оддитарин қоидаи шиновариро риоя намекунанд ва ғарқшавӣ дар ин маконҳо аз эҳтимол дур нест. Зимни амалиёт нисбати волидони онҳо протаколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар таърихи 14 июл  кӯдакону наврасони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе барои истироҳату фароғат ба басти 3-юми истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ  гусел карда шуданд. Дар 4 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, аз ҷумла  «Шарора» -и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 180 нафар, дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» -и ноҳияи Шоҳмансур 250 нафар, дар истироҳатгоҳи «Гулхан» -и ноҳияи Сино -200 нафар, дар истироҳатгоҳи «Орзу» -и ноҳияи  Фирдавсӣ 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.

Дар соли равон 1874 нафар донишҷӯён, аз ҷумла, аз факултети тиббӣ 1164 нафар, педиатрӣ 96 нафар, стоматологӣ 166 нафар, фармасевтӣ 63 нафар ва аз тиббӣ-профилактикӣ 29 нафар имтиҳонҳои хатмро бо муваффақият супориданд. Аз теъдоди умумии хатмкунандагон 253 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуда, 356 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳад. Ин нуқта дар нишасти матбуотии Донишгоҳи тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино қайд карда шуд. Иброз гардид, ки Донишгоҳи мазкур бо 61 муассисаҳои таълимию илмӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Дар нимсолаи аввал 2 созишномаи дуҷониба тамдид ва 6 созишномаи дуҷониба бо муассисаҳои таълимию илмии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Корея ба имзо расидааст.

Ду варзишгари наврас Асламҷон Қурбонов дар вазни 54 кг ва Давлаталии Нуралӣ дар вазни 42 кг дар қатори дигар наврасони мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс, ба мусобиқаи байналмиллалӣ барои дарёфти Ҷоми мураббии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Алимқул Буркитбаев, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид сафарбар шуданд. Ин ду варзишгар тавонистанд, ки дар ин мусобиқаи байналмиллалӣ бар ҳамаи рақибон ғолиб омада сазовори мақоми аввал шаванд. Ҷоизадорони мусобиқаи мазкурро дӯстону пайвандон дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо хушнудӣ истиқбол намуданд.