Қаҳрамони навбатӣ Муҳаммад Розиқов.
«Таҷриба»
Таҷрибаи ҷолиб бо истифодаи шамъ ва об.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
н. Рашт.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
н. Нуробод.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
н. Лахш.
«Матин»
Шартҳои барнома аз рӯйи намудҳои варзиши обӣ.
«Нӯшин»
Омода намудани армуғони зебо аз тарбуз ва ангур.
«Донояк»
Саволу ҷавоби интеллектуалӣ бо дустрӯякон.
Ҷамъбасти Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт».
Бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» Маросими ҷамъбасти истироҳати тобистонаи хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии Ҷоми Пойтахт дар ш. Душанбе баргузор гардид. Ёдовар мешавем ки аз санаи 15 то 21 августи соли 2022 дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» истироҳати хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» ташкил карда шуд, ки дар он зиёда аз 200 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Сохтмони бинои иловагӣ дар назди МТМУ №48.
Бинои нави иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Сохтмони бинои мазкур аз моҳи июли соли 2021 оғоз ёфтааст. Бинои иловагии таълимгоҳ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, он барои 640 хонанда дар як баст пешбинй шудааст. Муассисаи таълимӣ аз 31 синфхона, кабинетҳои фаннии химия, биология, физика 5-адад кабинет барои фанни техналогияи меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои лингафонй ва техналогияи иттилоотй, китобхона бо толори хониш ва электронй, толори фарҳангй дорои 384 ҷойи нишаст, толори варзишӣ барои 194 нафар, ошхона дорои 216 ҷойи нишаст иборат мебошад.