Барномаи навбатӣ дар қисми 13483-и Вазорати мудофиаи ҶТ таҳия гардидааст.
«Таҷриба»
Тавсия, таҷриба ва исботи гуфтаҳо.
«Таҳамтан»
Қаҳрамони барнома Варзишгари риштаи варзиши Дзю-до - Худоиев Абубакр.
«Ғунчаҳои пойтахт»
Ҳунарнамоии Ансамбли «Ғунчаҳои пойтахт».
«Ҷоми шаҳри Душанбе»
Имрўзҳо бо ташаббуси ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни кӯдакон ва наврасони 12-13 сола мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми шаҳри Душанбе» идома дорад. Ин мусобиқа бо иштироки 60 дастаи футбол дар майдончаҳои навбунёди чор ноҳияи пойтахт ҷараён гирифта истодааст. Иқдоми мазкур бо дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он пешгирӣ аз беҳудагардию даст назадани насли наврас ба корҳои номатлуб маънидод карда мешавад. Ба иттилои масъулин баъд аз он, ки дар ҳудуди пойтахт майдончаҳои варзишии муосир бунёд шудааст, шумораи ҷиноятҳо низ аз ҳисоби наврасони беҳудагард коҳиш ёфта, дастаҳои футболи кӯдакона низ бештар шудааст, ки ҳар як тим бо мураббӣ таъмин гардидаанд. Мусобиқа дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо қадршиносии ғолибон ҷамъбаст мегардад.
Конфронси августӣ дар шаҳри Душанбе.
Дар толори таълимгоҳи рақами 65-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо иштироки сардори Сарраёсати маорифи пойтахт, муовини раиси ноҳияи мазкур, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия ва кормандони соҳаи маориф конфронси августии аҳли маорифи ноҳияи номбаршуда, баргузор гардид. Дар намоиши мазкур мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Ҷамила Мӯсоҷонзода доир ба «Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ва ҳамзамон аз баъзе норасогиҳои соҳа, ки таи соли сипаришуда, мушоҳида гардид, суханронӣ намуд. Ҳамзамон дар як вақт бо иқдоми масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шӯъбаи маорифи ноҳияи номбаршуда, як зумра собиқадорони соҳа,аз ҷумла бархе аз директорону омӯзгорон ва мудирони Муассисаҳои томактабӣ ва мураббияҳо, инчунин дигар кормандон, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳо ширкат варзида, комёбӣ ба даст овардаанд, бо нишони «Аълочии маорифи ҶТ» ва ифтихорномаю туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
ш. Роғун.
«Суҳбати рӯз»
Мавзӯи навбатӣ «Фаъолияти ММТ-и назди Президенти ҶТ дар мавсими имсола».
«Ширинак»
Се духтаракон дар якҷоягӣ ширинӣ омода менамоянд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
н. Сангвор.