Перейти к содержимому
 

Дар доираи таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ нахустин Мактаби велосипедронӣ ташкил гардид. Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи велосипедронӣ ба мактаби номбурда, лавозимоти муосири таълимӣ  25 номгӯйи таҷҳизот ва  лавозимот аз ҷумла, 20 дучарха, 5 велосипеди  шоҳроҳ, 20  адад либоси тобистонаи варзишӣ, 20 адад либоси зимистонаи варзишӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимотро барои омода намудани ин намуди варзиш шароити сатҳи баландро фароҳам оварданд.

Бо оғози соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар хонандагон ба дарсҳо фаро гирифта шуданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ барои қабули хонандагон ба синфи якум шароити мусоид муҳайё карда, дар соли ҷорӣ 94 нафарро ба ин зина қабул кардаанд. Синфҳои якуми Муассиса ба 3 гуруҳ ҷудо гардида, барои онҳо синфхонаҳои таълимӣ бо ашёву лавозимотҳои хониш таъмин карда шудааст. Ёдовар мешавем,ки  дар соли ҷорӣ ба синфи якум дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 272 ҳазор нафар хонанда қабул карда шуда, ба онҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд.

Дар Театри давлатӣ - драмавии русии ба номи Владимир Маяковскии шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 31-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ намоишномаи нав таҳти унвони «Тулӯи умед» пешниҳоди тамошобинон гардид. Бояд гуфт, ки намоишномаи мазкур аз рӯи асари адиб,  нависандаи Халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам ва порчаҳо аз «Шоҳнома» -и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ  ва дигар асарҳои таърихӣ таҳия гардидааст. Намоишномаи мазкур таърихи гузаштаи халқи тоҷик дар бораи корнамоии бемисли Қаҳрамони халқи тоҷик «Спитамен» ва дастовардҳои  31-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи хуб инъикос карда, ҷолибу  нишонрас манзури алоқамандону дӯстдорони театр гардонида шуд.

Мусобиқа барои дарёфти ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оид ба муҳорибаи ғайрикасбии унифайт, ки  дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид, ба ифтихори 31 солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуд. Дар мусобиқаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода  иштироку суханронӣ намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки соҳаи варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ рушду нумуъ ёфта, ширкати варзишгарони ватанӣ дар мусобиқаҳои бурунмарзӣ ҳам бештар гардид. Дар натиҷа дар мусобиқа варзишгарон Абубакр Дилшодзода, Бежан Нурматов, Муҳаммад Сафаров, Комилҷон Ҳасанов дар вазни 18 кг байни 6 ва 7 солаҳо, Анӯшервон Салимов дар вазни 20 кг, Аҳмадҷон Дӯстмуродов дар вазни 24 кг, Сулаймон Миров дар вазни 31 кг , Аҳмадҷон Латифов дар вазни 35 кг, Умар Табаров дар байни 8 ва 9 сола пирӯз омаданд.