«Сафои саҳар»
Ғолиби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол-2023» муайян гардид.
Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявї ва амалии довталабони озмуни «Мураббии сол-2023»ва ҷамъбасти холҳои умумии бадастовардаи довталабон мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсӣ Шукрона Мадиева сазовори ҷойи якум, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №45-и ноҳияи И.Сомонӣ Манзура Исмоилова сазовори ҷойи дуюм, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №64-и ноҳияи Шоҳмансур Моҳрӯя Ҷобирова сазовори ҷойи сеюм ва мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №98-и ноҳияи Сино Маҳина Салимова сазовори ҷойи чорум гардиданд. Тибқи маълумот ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2023» дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.


Ғолиби даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии«Омӯзгори сол-2023» муайян гардид.
Бар асоси хулосабарории ҳайати ҳакамон омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сиротулло Зоиров дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2023» ғолиб дониста шуд. Сиротулло Зоиров номзади илмҳои педагогӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, сазовори ҷойи дуюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва аз ёд намудани осори адибони классик» мебошад. Ҳайати ҳакамони озмун дар дарсҳои намунавии довталабон аз рӯи ихтисос иштирок намуданд. Ҳамзамон довталабон таҷрибаи кории худро муаррифӣ намуданд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ.

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуданд.
Дар мулоқот таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Роҳбарони ду давлат аз муколамаи созандаи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, идомаи муваффақонаи робитаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёту транзит, сайёҳӣ, ҳамкории бисёрсамтаи минтақаҳо ва вилоятҳои ду кишвар, афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва содда гардонидани рафтуомади мардумони ду кишварро зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030” ва идомаи фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои амалисозии ҳадафҳо аҳамияти хос хоҳад дошт.
Дар ҷараёни вохурӣ роҳбарони ду давлат ҳамкории кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории исломӣ муҳокима карданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, ки ба вазъи амниятии кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд, табодули андеша намуданд.
Вобаста ба вазъи Афғонистон таъкид карда шуд, ки Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои наздиктарин ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар беш аз дигарон манфиатдоранд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров.

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо дар баробари муҳокимаи робитаҳои дуҷониба, инчунин оид ба рӯзномаи ҳамоиши мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид табодули андеша карданд.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир.
19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот масоили таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Алҷазоир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ба масъалаи тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб муфид, ҳамчунин масоили мубрами рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор.

Муҳтарам ҷаноби Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад.
Воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.
ИдомаИштирок дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор.

19 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони дигар давлатҳо, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
ИдомаИштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.
Идома







