Ҳозирҷавобии ин дустрӯякони доно, хотири ҳамаро болида мегардонад.
«Таҳамтан»
Фазлиддин Фазлиддинов - варзишгар дар риштаи варзиши муҳорибаҳои омехта.
«Тараннум…»
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ.
«Интеллект»
Сабқати дониш бо хонандагони МТМУ № 3-и н. Шаҳринав.
ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НУРИДДИН САИД БА ИФТИХОРИ « РӮЗИ ФАЛАК»
Санъати мусиқӣ – падидаи нодир ва арзишманди ҳаёти иҷтимоӣ мебошад, ки дар рушди маънавии ҷомеа нақши муҳим дошта, ҷузъи қавии фарҳанг, омили бузурги хештаншиносӣ ва этногенези ҳар миллат маҳсуб меёбад.
Идома«Аниси кунҷи танҳоӣ…»
«Ангубин»
Сафия аз дигар ҳамсолони худ фарқ дорад. Чаро?
«Алифбои роҳ»
Рақобати дастаҳои «Ронанда» ва «Роҳгузар».
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба вазъи сиёсии Ховари Миёна.
Мураккаб гаштани вазъияти сиёсӣ дар Ховари Миёна, ки сабабгори талафоту осеб дидани сокинони осоишта ва вайрону валангор гаштани иншооти зиёди таъиноти гуногун гардид, боиси нигаронии амиқи ҷониби Тоҷикистон шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти баамаломадаро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои фавран хотима додани нооромӣ ва оғози муколама баҳри барқарории сулҳу осоиштагӣ даъват менамояд.
Изҳори тасаллият ба осебдидагони зилзилаи Афғонистон.
Рӯзи 7-уми октябри соли равон дар Афғонистон заминларза ба амал омад.
Тибқии иттилои расида ҷунбиши қишри замин, ки қувваи он аз руи ҷадвали Рихтер 6,3 балро ташкил медод, дар 40 километрии қисми шимолу ғарби шаҳри Ҳирот рух дод.
Дар натиҷаи офати табии беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гашта, зиёда аз ду ҳазор нафар ба ҳалокат расид.
Бар асари заминларза нафарони зиёд бенишон гашта, шумораи осебдидагон муайян карда нашудааст.
Вобаста ба амал омадани офати табиӣ ва ҳалокату осеб дидани шумораи зиёди сокинони Афғонистон мардуми Тоҷикистон сахт андӯҳгин буда, дар қалбҳои худ ҳамдардии амиқ эҳсос мекунанд.
Дар ин лаҳзаҳои фоҷеабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз намуда, ба осебдидагон шифои комил таманно менамояд.








