Перейти к содержимому
 

Дар таълимгоҳи рақами 72-юми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  даври ноҳиявии олимпиадаи фаннӣ  шурӯъ гардид. Ин тадбири ақлонию зеҳнӣ бо ибтикори Маркази рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур роҳандозӣ шуда,иштирокдорон аз рӯи 13 фанни таълимӣ  савияи дониши худро месанҷанд. Дар ин тадбир 4 ҳазору 166 нафар довталаб ширкат намуда,аз фанҳои  интихоб намудаашон сабқати дониш менамоянд. Соли равон дар ин олимпиада хонандагон аз синфи 5 то 11-ум иштирок менамоянд. Даври ноҳиявии олимпиада то санаи 6-уми моҳи равон идома меёбад.

Дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи Осиёи марказӣ оид ба ушу доир гардид. Дар сабқати мазкур аз шаҳри Душанбе варзишгарон зери роҳбарии мураббии ҷавон Мавлон Сафаров иштирок карда, натиҷаҳои назаррас нишон доданд. Аз ҷумла, Элянора Файзова, Салмон Бадалов, Дилшод Раҳимзода ва Самиаллоҳ Саидов соҳиби мақоми аввал гардиданд.

Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии  пойтахт, таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» Фестивали III дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Фестивал аз рӯи 7 намуди варзиш: гӯштини миллӣ, шоҳмот, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, футбол, баскетбол, волейбол баргузор шуда, то 13 ноябр идома меёбад. Маросими ҷамъбасти он 14 ноябри соли 2022 дар назар дошта шудааст. Фестивали мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 30 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.