Перейти к содержимому
 

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бо иқдоми    Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар Муассисаҳои таълимӣ ва томактабии 4 ноҳияи пойтахт дар байни масъулин ва кормандони соҳа машваратҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шуд. Ташкили чунин тадбирҳо саривақтӣ ва ба маврид буда, он барои омӯхтани таҷрибаи пешқадам ва дастгирӣ намудани мутахассисони ҷавон  мусоидат мекунад. Чунин семинар - машварати омӯзишӣ дар таълимгоҳи рақами 22-юми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки директорони Муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ва намояндаи шуъбаи маориф   баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки  роҳбарони Муассисаҳо дар  як зумра соатҳои  дарсии омӯзгорону директорон  ширкат варзиданд.

Дар таълимгоҳи рақами 51-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби насли наврас ба китобу китобхонӣ ва дарёфти наврасони боистеъдод ва сухандону суханвар даври  ноҳиявии озмуни «Хонандаи сол» баргузор гардид. Озмуни мазкур бо  иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи  ҳудуди ноҳия доир шуда, масъулин  ҳадафу мақсадҳои асосии озмунро ба шогирдон фаҳмониданд ва онҳоро ба шартҳои ин сабқати зеҳнӣ - маърифатӣ  шинос намуданд.Довталабон аз 11 фанни таълимӣ аз рӯи 5 шарти озмун дониш ва маҳорати хешро санҷиданд.

Дар Аморати Муттаҳидаи Араб чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни беш аз 65 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик таҳти роҳбарии раиси Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов ширкат варзида ба гирифтани 10 медал, 2 тилло, 6 нуқра ва 1 ҷоизаи биринҷӣ  мушарраф шуданд. Аз ҷумла, Сиёвуш Муқимов ва Абдукарим Самадов соҳиби унвони қаҳрамонии чемпионати ҷаҳон шуданд. Аҳмадҷон Наримов ҷои дуюм ва Муҳаммад Сангинов мақоми сеюмро касб карданд. Варзишгардухтари тоҷик Нозия Қосимова медали нуқра ба даст овард.