Перейти к содержимому
 

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳцрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмолии Сомонии шаҳраки Ҳулбук бинои Маркази ҷавононро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, ба истифода доданд.

Идома

20 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбук зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Идома

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамин аст, ки иштироки хонандагони таълимгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои дохил ва хориҷи мамлакат назаррас мебошад. Аз ҷумла, 10 хонандаи Гимназия дар олимпиадаи фаннӣ, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд,  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Инчунин 15 нафар хонандаи ин боргоҳи илму маърифат дар олимпиадаи байналмилалӣ таҳти унвони «Эрудити-2023» аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ низ муваффақиятро ба даст  оварданд. Соли равон 3 хонандаи Гимназияи мазкур дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ», «Шукуфаҳои пойтахт» иштироки фаъолона намуданд.

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир гардид. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз хориҷи мамлакат, роҳбарият ва намояндагони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва дигар вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд. Парчами синамоҷашнвора ҳамчун рамзи ифтитоҳи ин ҷашнвораи бузург бо иштироки давлатҳои иштирокчӣ барафрохта шуд. Дар синамоҷашнвора меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок доранд. Бояд гуфт, ки бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чунин синамоҷашнвора баргузор мешавад.

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Идома

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд.

Идома

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд.

Идома

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри пойдории суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳаи нек карданд.

Идома

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ сохта шудааст.

Масоҳати умумии замини мактаб 1,75 гектарро ташкил дода, худи бинои таълимӣ дар масоҳати 748 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 40 мутахассис ба ҳайси омӯзгор бо ҷойи кор ва маоиши хуб таъмин шуданд.

Даргоҳи нави маърифат дорои 12 синфхона, аз ҷумла химия, физика, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои духтарон ва писарон, китобхона бо толори хониш ва 4 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ дар масоҳати 375 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ифтитоҳи иншоот барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳаҳои Сангпар ва Баҳористон имконияти хубу мусоидро фароҳам овард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас дар бинои нави таълимӣ омӯзгорону дигар масъулонро ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва тарбияи хуби онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.

Бунёд ва ба истифода додани бинои нави таълимӣ ин идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат мебошад.

Фармоишгари иншоот филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буда, корҳои сохтмонию паймонкорӣ дар бинои таълимиро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Уҳда» аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» бо сатҳу сифати баланд дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонданд.

Атрофи бинои таълимӣ сабзу хуррам карда шуда, барои истироҳату фароғати хонандагону омӯзгорон нишастгоҳҳо низ гузошта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои замонавии таълимиро барои сокинони деҳаҳои Сангпар ва Баҳористони шаҳри Кӯлоб туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, хонандагону омӯзгоронро барои истифодаи пурсамару мақсаднок аз шароити фароҳамкарда роҳнамоӣ карданд.

Нимаи дуюми рӯзи 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб меҳмони олиқадр - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолони шаҳр бо эҳтироми гарму самимӣ ва бо шукуҳу шаҳомати хос истиқбол гирифтанд.