Перейти к содержимому
 

8 ноябр дар Қасри миллат дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.

Дидору гуфтугуҳо аз мулоқоти хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд.

Идома

8 ноябр Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Идома

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ҳанӯз бисту нуҳ сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди кишвар бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид.

Идома

03.11.2023. Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат ва роҳбарони сохторҳои Кумита ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Идома