Саволу ҷавоб ва тақдими туҳфаҳо ба дустрӯякони закиву ҳозирҷавоб.
«Таҳамтан»
«Таҳамтан» - Маҳорати варзишии Абдулло Гулов.
«Ҷасорат»
Қисми ҳарбии 0124.
«Интеллект»
Саволу ҷавоб бо хонандагони МТМУ № 52 -и ш. Ҳисор.
«Ҳафтранг»
Хурӯс бо чуҷаҳояш.
«Аниси кунҷи танҳоӣ…»
Тахмина Бобоева иштирокчии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».
Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Рашт.
Бунёду азнавсозии Муассисаҳои таълимиву томактабӣ дар ин минтақаи дурдасти кишвар бомаром ҷараён дошта, дар айни ҳол бештари иншоотҳо дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 дар деҳаи Хуфаки ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт ҷойгир буда, айни замон дар он 276 нафар хонанда пайи таҳсил ҳастанд. Таълимгоҳи мазкур дорои 8 синфхонаи таълимӣ буда, омӯзгорон бо истифодаи шароити мавҷудаи таълим ба хонандагон дарс мегӯянд. Корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии назди таълимгоҳ аз моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар назар аст, ки то таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба анҷом расад. Ҳамзамон дар доираи корҳои бунёду азнавсозии Муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 61-и деҳаи Шаҳринави ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт низ азнавсозӣ гардида истодааст. Бунёди ин таълимгоҳ низ бо дастгириҳои соҳибкорони маҳаллӣ ва мардуми деҳа амалӣ карда шуда, корҳои сохтмонӣ аз соли 2021 оғоз гардидааст ва дар назар аст, ки то оғози соли нави таҳсил ба истифода супорида шавад.
Оғози даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Ш. Шоҳин.
Дар ноҳияи Шамсидин Шоҳини вилояти Хатлон даври ноҳиявии озмун бо иштироки беш аз 660 нафар сокинон аз рӯи 6 номинатсия баргузор шуд. Бинобар иттилоъи масъулини шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бештари иштирокчиёни озмун маҳз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳисоб мераванд, ки аксарияти онҳо дар номинатсияи адабияти кӯдакон ва наврасон, адабиёти муосир иштирок карданд ва дар миёни онҳо ҳамзамон наврасоне иштирок доштанд, ки худро дар номинатсияи эҷоди назм санҷиданд. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар солҳои қаблии баргузории озмун шумораи зиёди сокинон ҳам миёни наврасон ва ҳам калонсолон ба даврҳои ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта буданд, ки сол аз сол шавқу рағбатшон нисбат ба китобдориву китобхонӣ зиёд гардида истодааст.