Перейти к содержимому
 

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия гардида, ҳоло дар баррасӣ қарор дорад. Лоиҳаи ин қонун аз 11 боб ва 73 модда иборат буда, мафҳумҳои асосӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолият, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва тамоюли ҳамкории политсия бо ҷомеаро муайян намуда, тартиби қабул ба хизмат, адои хизмат, таъмини кафолатҳои давлатии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва назорати фаъолияти политсияро ба танзим медарорад. Чунин нигоштааст  мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1 Фирӯз Сайнозимзода  дар мақолаи бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик  ба унвони АМИТ «Ховар» ирсолнамудааш. Дар зер матни пурраи мақолаи мазкурро меорем:

Идома

ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» низоми миллии почтаи электронӣ бо забони тоҷикӣ амалӣ гардид. Ба омодасозии почта барномасозони Маркази таҳлилӣ-итилоотӣ ҷалб гардида, онро дар заминаи барномаи «Roundcube» таҳия намуданд. Почта дар марҳилаи аввал дар сохтори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ҷорӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо 8 ноябр дар шаҳри Душанбе бо шоирону нависандагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вохӯрӣ ва суҳбат намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Идома

ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ҳамоиши ҷавонон ва Фестивали сурудҳои ватандӯстона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе барномаи  фарҳангӣ-маърифатии «Вохӯрии се насл» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон доир шуд, ки дар он вохӯрии самимӣ, гуфтугӯи озоди се насл–намояндагони фаъоли ноҳияҳои шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои рӯзгордида ва занону духтарони матинирода доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Идома

ҲИСОР, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар яке аз минтақаҳои таърихии Роҳи бузурги абрешим маросими пардабардорӣ аз рӯи пайкараи рамзии “Гӯсфанди ҳисорӣ”, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор амалӣ гардид, доир шуд. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ дод.

Идома

ДУШАНБЕ, 07.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иқдоми ҷумҳуриявии «Аз шаҳрванди Тоҷикистон буданам ифтихор мекунам»-ро доир менамояд. Аз ҷумла, дар Кохи «Суруш» барномаи фарҳангии бошукуҳ ва маросими супоридани шиносномаҳо ба шаҳрвандоне, ки нахустин маротиба соҳиби шиносномаи миллӣ мегарданд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Идома

Имрўзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст" ҷараён дорад.  Яке аз довталаби номинатсияи адабиёти ҷаҳон дар гуруҳи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ Фарзона Раҳимова мебошад. Номбурда донишҷўи курси 3-юми донишгоҳи давлатии Хуҷанди вилояти Суғд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, маротибаи аввал аст, ки ширкат меварзад. Фарзона ба саволҳои доварон ҷавобҳои мушаххас дода, аз худ таасуроти амиќ гузошт. Тибқи иттилои масъулин дар номинатсияи зикргардида дар умум 107 нафар  иштирокчӣ буда, аз ин теъдод 18 нафарро гуруҳи сеюм ташкил медиҳад.