Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 13.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии ин лоиҳа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ин вазорат хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мушкилиҳо ба назар мерасанд. Бештари онҳо дар ноҳияҳо ҷойгиранд ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо барои ҳифзи ин мавзеъҳо бояд масъулият эҳсос намоянд, аммо на ҳамеша чунин аст. Аз беаҳамиятии онҳо баъзан замини ёдгориҳо барои сохтмон ё замини кишт истифода мешаванд. Ҳоло Вазорати фарҳанги мамлакат ёдгории таърихию фарҳангиро ба рӯйхат гирифтааст, аммо дар аксари шаҳру ноҳияҳо дар харитаҳои заминсозӣ ин ёдгориҳо ва мавзеъҳои муҳофизатии онҳо қайд нагардидаанд. Чунин изҳор гардид зимни муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 7 декабри соли равон баргузор шуд.

Идома

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) фасли 11-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 13 декабр идома меёбад.

Идома

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8-10 декабр дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия Фестивали байналхалқии сирки  кӯдакону наврасон- «Ба забони ҷаҳонӣ («На языке мира») баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон  Ёсуман Назарова мақоми дуюмро соҳиб шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Идома

ДУШАНБЕ, 10.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бисёре аз шаҳрвандони мамлакат ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор шудаанд. Аз ин бемориҳо ҳам калонсолон ва ҳам хурдсолон азият мекашанд. Ин бемориҳо чӣ гунаанд ва роҳҳои пешгирии онҳо кадом аст? Бо ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба табиби сироятшинос Адолат Саидова муроҷиат намуд.

Идома

ДУШАНБЕ, 10.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон мавсими нави гулкарам, ки сабзавоти хуби ғизоӣ мебошад, оғоз шудааст. Имрўзҳо ин сабзавот дар бозорҳои мамлакат фаровон гашта, як киллограми он аз 4 то 5 сомонӣ нарх дорад. Ба бозорҳои пойтахт ин маҳсулоти кишоварзиро бештар деҳқонони шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Рўдакӣ ва Ваҳдат пешниҳод намуда истодаанд. Дар таркиби гулкарам 8-11,7 % моддаҳои хушк, 1,7-4,2 % қанд, 1,6-2,5 сафеда, 0,1-0,2 мг каротин, 0,3-0,7 % нитроген, 0,7-0,8 % хокистар, инчунин витаминҳои С (50-170 мг%), В1 (0,09-0,22 мг%), В2 (0,05-0,25 мг%), натрий, калий, калсий, магний, фосфор ва ғайра мавҷуд мебошанд, ки ба саломатӣ фоида дорад. АМИТ «Ховар» оид ба фоиданокии истеъмоли гулкарам ба саломатии инсон ва тарзи парвариши он маълумот медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агар инсон хоҳад, ки масунияташ баланд бошад, таъсири афсурдаҳолӣ ва фишори асабро коҳиш диҳад, раванди пиршавиро дар организм суст намояд, бехобиро бартараф кунад, хотира ва ҳушёрии равониро беҳтар намояд, бояд то андозаи муайян чормағз истеъмол намояд. Чунин тавсия медиҳад доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов.

Идома