
ДУШАНБЕ, 22.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар ҷумҳурӣ соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад. Ба гуфтаи мутахассисон, дар нафъ ба саломатӣ ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест, зеро он илоҷи аксари бемориҳо буда, баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад.
Идома












