Перейти к содержимому
 

Бо ташабуси Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони ватанӣ ба истиқболи соли нави хониш ва ҷашни фархундаи миллат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои созандагиву  бунёдкорӣ ҷараён дорад. Аз ҷумла, МТМУ №90-уми н. Синои ш. Душанбе пурра таъмир гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид  фароҳам оварда шудааст. Муассисаи мазкур аз 3 ошёна иборат буда,  барои 1276 нафар  хонанда дар 1 баст  пешбинӣ гардидааст. Ёдовар мешавем, ки таълимгоҳи мазкур дорои 62 синфхона аз ҷумла 24 синфхона  барои синфҳои ибтидоӣ 38 синфхона барои синфҳои болоӣ, утоқҳои корӣ,  7 адад кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, 3 адад синфхонаи компютерӣ, инчунин  толори фарҳангӣ  бо 172 ҷойи нишаст,  толори варзишӣ ва ошхона бо 166 ҷойи нишаст, майдони варзишӣ бо 246 ҷойи нишаст,  пешниҳоди хонандагон мегардад.

Барномаи мазкур  аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд омода гардида, қаҳрамони он Хайруллоев Муҳаммадсобир мебошад.

Имрўзҳо бо ташаббуси ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни кӯдакон ва наврасони 12-13 сола мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми шаҳри Душанбе» идома дорад. Ин мусобиқа бо иштироки 60 дастаи футбол дар майдончаҳои навбунёди чор ноҳияи пойтахт ҷараён гирифта истодааст. Иқдоми мазкур бо дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он пешгирӣ аз беҳудагардию даст назадани насли наврас ба корҳои номатлуб маънидод карда мешавад. Ба иттилои масъулин баъд аз он, ки дар ҳудуди пойтахт майдончаҳои варзишии муосир бунёд шудааст,  шумораи ҷиноятҳо низ аз ҳисоби наврасони беҳудагард  коҳиш ёфта, дастаҳои футболи кӯдакона низ бештар шудааст, ки ҳар як тим бо мураббӣ таъмин гардидаанд. Мусобиқа дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо қадршиносии ғолибон ҷамъбаст мегардад.

Дар толори таълимгоҳи рақами 65-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо иштироки  сардори Сарраёсати маорифи пойтахт, муовини раиси ноҳияи мазкур,  мудири шӯъбаи маорифи ноҳия ва кормандони соҳаи маориф  конфронси  августии аҳли маорифи ноҳияи номбаршуда, баргузор гардид. Дар намоиши мазкур  мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Ҷамила Мӯсоҷонзода доир ба «Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ва ҳамзамон аз баъзе норасогиҳои  соҳа, ки таи соли сипаришуда, мушоҳида гардид, суханронӣ намуд. Ҳамзамон дар як вақт  бо иқдоми масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шӯъбаи маорифи ноҳияи номбаршуда,  як зумра собиқадорони соҳа,аз ҷумла бархе аз директорону омӯзгорон ва мудирони Муассисаҳои томактабӣ ва мураббияҳо, инчунин дигар кормандон, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳо ширкат варзида, комёбӣ ба даст овардаанд, бо нишони «Аълочии маорифи ҶТ» ва ифтихорномаю туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.