Перейти к содержимому
 

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Китобхона, собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони имконияташон маҳдуд  ва ҳамчунин дӯстдорони каломи бадеъ ширкат доштанд. Нахуст масъулини китобхонаи мазкур суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ табрику шодбош гуфтанд ва барояшон бурдборию сулҳу субботро таманно намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби хонандагони фаъоли китобхона барномаи фарҳангӣ тақдим гардид, ки ба иштирокдорон писанд омад.

Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар он афсарону сарбозон, мураббияҳо ва кӯдакон ширкат намуданд. Нахуст дар чорабинӣ кӯдакони Муассисаи томактабии №83 пойтахт бахшҳои гуногунро пешниҳод карданд. Аз ҷумла онҳо тарзи  иҷрои амалиётҳои ҷангиро нишон дода, дар раванди он машқҳои ҳарбиро пешниҳод намуданд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷамъомад кӯдакон либосҳои низомиро ба бар карда, аз иҷрои амалҳои ба уҳда доштаашон ба пуррагӣ баромаданд. Саҳнаҳои  пешниҳодшуда бештар дар мавзуҳои ҳифзу нигаҳбонии Ватан, ватандӯстӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва дигар самтҳоро фарогир буд. Яке аз бахшҳои муҳим, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун буд, аз ҷониби кӯдакон дар сатҳи баланд иҷро карда шуд.

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.

ИДОМА

Ба муносибати 30 -солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар Кӯдакистони №98 -уми ноҳияи Синои пойтахт маҳфили идона бо иштироки тарбиятгирандагон ва мураббиён баргузор гардид. Дар ин тадбир масъулин суханронӣ карда, дустрӯяконро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо дар зиндагӣ комёбиҳои беназирро таманно намуданд. Сипас барномаи фарҳангии тарбиятгирандагон оғоз гардид.  Дустрӯякон  дар даст парчамҳо бо садо додани суруди дилнишин дар васфи ватан  бо иҷрои амалу машқҳои гуногун ҳунарашонро ба  ҳозирин нишон доданд.

Дар  ҷамъомад  дӯструякони Кӯдакистони №124 пойтахт бо орзуҳои зиёд ба бар либоси низомӣ намудаанд, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки кӯдакон низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар оянда мехоҳанд, дар ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар саҳмгузор бошанд. Қобили қайд аст, ки дар чорабинӣ кӯдакон бо руҳу илҳоми тоза дар васфи ватану диёри хеш порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Тавре мураббиёни  Муассисаи мазкур иброз доштанд, мо пайваста барои пешвози санаҳои таърихии кишварамон дар кӯдакистон чорабиниҳои гуногун доир менамоем, то ин ки аз овони наврасӣ дар дили  тарбиятгирандагон меҳри ватан афзун гардида, ҳимоя ва содиқона хазмат намуданро дар роҳи ватан ҳадафи асосии хеш қарор диҳанд.